bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Hosea 9
Hosea 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 10 →
1
Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.
2
Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод, ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард.
3
Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд: Эфроим ба Миср хоҳад баргашт, ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд.
4
Барои Худованд шароб нахоҳанд рехт, Ва қурбониҳошон писандидаи Ӯ нахоҳад буд, балки барои худашон мисли нони мотамдорон хоҳад буд: ҳар кӣ аз онҳо бихӯрад, палид хоҳад шуд, зеро ки нони онҳо барои шикамсерии худашон мебошад, ба хонаи Худованд он дохил нахоҳад шуд.
5
Пас шумо дар рӯзи мавсим ва дар рӯзи иди Худованд чӣ хоҳед кард?
6
Зеро ки инак, онҳо ба сабаби хонавайронӣ рафтаанд; Миср онҳоро ҷамъ хоҳад овард, Муф онҳоро қабр хоҳад кард; ганҷинаҳои нуқраи онҳоро газна пахш хоҳад кард, дар хаймаҳои онҳо мушхор хоҳад рӯид.
7
Айёми ҷазо наздик меояд, айёми подош фаро мерасад, — Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.
8
Дидбони Эфроим аз ҷониби Худои ман набӣ буд, ки дар сари ҳамаи роҳҳояш доми сайёд ниҳода шуд, ва адоват дар хонаи Худои ӯ ҳукмфармост.
9
Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.
10
Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам; падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам; лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд, ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд.
11
Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида хоҳад рафт: зоидан, ҳомиладорӣ ва бордоршавӣ нахоҳад буд.
12
Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам, онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд; зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам.
13
Эфроим, вақте ки дидам, мисли Сӯр дар мавзеи зебое ҷойгир шудааст; вале Эфроим писаронашро барои қотил берун хоҳад овард.
14
Худовандо, ба онҳо ҳар чи медиҳӣ, бидеҳ: раҳими бачапарто ва пистонҳои хушк ба онҳо бидеҳ.
15
Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст, ки дар он ҷо Ман аз онҳо барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам; аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд; онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт; ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.
16
Эфроим шикаст хӯрдааст; решаи онҳо хушк шудааст, — онҳо мева нахоҳанд дод; ҳатто агар зоянд ҳам, самари марғуби батни онҳоро хоҳам кушт.
17
Худои ман онҳоро тарк хоҳад кард, чунки Ӯро нашниданд; пас дар миёни халқҳо овора хоҳанд шуд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14