bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Timothy 1
2 Timothy 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
1
Павлус, расули Исои Масеҳ бо хости Худо, аз рӯи ваъдаи ҳаёт, ки дар Масеҳ Исо аст,
2
ба Тимотиюс, фарзанди азизам: файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Масеҳ Исо бод.
3
Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки аз аҷдоди худ бо виҷдони пок Ӯро ибодат мекунам, ҳангоме ки туро шабу рӯз пайваста дар дуоҳоям ба ёд меоварам.
4
Пазмони дидори ту ҳастам, — дар ҳолате ки ашкҳои туро дар ёд дорам, — то аз шодӣ пур шавам,
5
зеро имони бериёи туро, ки пештар дар бибият Лӯис ва модарат Авнико сокин буд, ба ёд меоварам ва дилпур ҳастам, ки он дар ту низ /сокин аст/.
6
Аз ин сабаб ба ёди ту меоварам, ки он атои Худоро, ки ба воситаи гузоштани дастҳои ман дар туст, барафрӯзӣ;
7
зеро Худо ба мо на рӯҳи тарсро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгориро додааст.
8
Пас, аз шаҳодат додан дар бораи Худованди мо ва аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, шарм накун, балки барои Инҷил дар қуввати Худо бо мо азоб каш,
9
ки Ӯ моро наҷот додааст ва бо даъвати муқаддас хондааст, на мувофиқи амалҳои мо, балки аз рӯи нақшаи Худ ва он файзе ки ба мо аз замонҳои азал дар Масеҳ Исо ато шудааст,
10
вале акнун ба воситаи зоҳир шудани Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ маргро ҳеҷ кард ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи Инҷил дурахшон намуд,
11
ки барои он ман воиз ва расул ва муаллими халқҳо таъйин шудаам.
12
Ва ба ин сабаб ман чунин азоб мекашам, лекин хиҷил намешавам, зеро медонам ба Кӣ имон овардаам, ва ман дилпур ҳастам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.
13
Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Масеҳ Исо аст, пайравӣ намо.
14
Он амонати некро ба воситаи Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.
15
Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк кардаанд; аз он ҷумла Фиҷелус ва Ҳармуҷанис.
16
Худованд ба аҳли хонаи Анисифурус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро роҳат бахшид ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,
17
балки, ҳангоме ба Рум омад, бисёр маро ҷустуҷӯ намуда, ёфт.
18
Худованд ба ӯ ато кунад, ки аз Худованд дар он рӯз марҳамат ёбад. Ва хизмати бисёреро, ки ӯ дар Эфесус кардааст, ту хубтар медонӣ.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4