bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Timothy 4
2 Timothy 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
1
Пас, туро дар ҳузури Худо ва Худованд Исои Масеҳ, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ мекунад, ба хотири зоҳир шудани Ӯ ва Подшоҳии Ӯ қасам медиҳам,
2
ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ ва омӯзгорӣ сарзаниш, танбеҳ ва насиҳат кунӣ.
3
Зеро замоне фаро мерасад, ки таълимоти солимро бардошт намекунанд, балки аз рӯи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне гирд меоваранд, ки суханонашон ба гӯшҳо хуш оянд;
4
ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба афсонаҳо рӯ меоваранд.
5
Аммо ту дар ҳама чиз ҳушёр бош, ба азоб тоб овар, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо.
6
Зеро ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони даргузаштанам фаро расидааст.
7
Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
8
ва акнун барои ман тоҷи росткорӣ омода гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман медиҳад; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зоҳир шудани Ӯро дӯст доштаанд.
9
Саъю кӯшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.
10
Зеро Димос давраи ҳозираро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Тасолуникӣ равона шуд; Крискис ба Ғалотия /рафт/, ва Титус ба Далмотия;
11
танҳо Луқо бо ман аст. Марқусро гирифта бо худ биёр, зеро ба ман барои хизматам фоиданок аст.
12
Ман Тихиқусро ба Эфесус фиристодам.
13
Ҳангоми омаданат ҷомаеро, ки ман дар Трӯос назди Карпус мондаам, биёр, китобҳоро низ, хусусан навиштаҳои пӯстиро.
14
Искандари мисгар ба ман бисёр бадӣ кард. Худованд сазои корҳояшро диҳад.
15
Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, зеро ӯ ба суханони мо сахт муқобилат кард.
16
Ҳангоми ҳимояи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!
17
Аммо Худованд ёри ман буд ва ба ман қувват дод, то ба воситаи ман мавъиза ба анҷом расад ва ҳамаи халқҳо онро шунаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.
18
Ва Худованд маро аз ҳар кори бад халосӣ дода, барои Подшоҳии Осмонии Худ нигоҳ медорад. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
19
Ба Приска ва Акило ва аҳли хонаи Анисифурус салом расон.
20
Арастус дар Қуринтус монд; ва Труфимусро дар Милитус бемор вогузоштам.
21
Саъю кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Авбулус ва Пудис ва Линус ва Клавдия ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.
22
Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
All chapters:
1
2
3
4