bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Timothy 3
2 Timothy 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
1
Ва инро бидон, ки дар рӯзҳои охирин замонҳои сахт фаро мерасанд.
2
Зеро одамон худпараст мешаванд, пулпараст, лофзан, мағрур, бадзабон, беитоат ба падару модарон, кӯрнамак, нопок,
3
бемеҳр, номуросо, ғайбатгар, бепарҳез, бераҳм, душмани некӣ,
4
хиёнаткор, берӯй, ҳавобаланд, ки дилхуширо бештар аз Худо дӯст медоранд
5
ва намуди зоҳирии худотарсиро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
6
Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки бо ҳила ба хонаҳо даромада, занони сабукфикреро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.
7
Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд.
8
Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо бархеста буданд, онҳо низ, ки мардуми олудафикр ва дар имон ноком мебошанд, ба муқобили ростӣ бармехезанд.
9
Аммо бисёр комёб намешаванд, зеро аблаҳии онҳо ба ҳама ошкор мешавад, чунон ки бо он /ду/ низ шуда буд.
10
Лекин ту таълим, рафтор, мақсад, имон, тоқат, муҳаббат ва сабри маро медонӣ,
11
/ҳамчунин/ таъқибот ва азобҳоеро, ки дар Антокия, Қуния ва Листра ба сари ман омаданд. Чунин таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамаи инҳо халосӣ дод.
12
Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд бо худотарсӣ дар Масеҳ Исо зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор мешаванд.
13
Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, гумроҳ мекунанд ва гумроҳ мешаванд.
14
Лекин ту дар он чи омӯхтаӣ ва аз он дилпур ҳастӣ, пойдор бош, чун медонӣ аз кӣ онро омӯхтаӣ
15
ва аз кӯдакӣ Китоби Муқаддасро медонӣ, ки метавонад туро ҳикмат омӯзад барои наҷот ба воситаи имоне ки дар Масеҳ Исо аст.
16
Тамоми Китоб аз рӯи илҳоми Худост ва барои омӯзиш, барои сарзаниш, барои ислоҳ, барои тарбия дар росткорӣ фоиданок аст,
17
то одами Худо комил гардида, ба ҳар кори нек муҳайё шавад.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4