bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Timothy 2
2 Timothy 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
1
Пас ту, эй фарзандам, бо файзе ки дар Масеҳ Исо аст, зӯрманд бош.
2
Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисёр шунидаӣ, ба одамони бовариноке супор, ки аз ӯҳдаи таълим додани дигарон низ бароянд.
3
Пас ту чун сарбози неки Исои Масеҳ ба азобҳо тоб овар.
4
Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ба фармондеҳ писанд афтад.
5
Ва агар касе паҳлавонӣ кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар аз рӯи қоида паҳлавонӣ накарда бошад.
6
Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра мебарад.
7
Дар бораи он чи мегӯям, фикр кун, ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм диҳад.
8
Исои Масеҳро дар ёд нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд, ва аз мурдагон бархест; ин аст Инҷили ман,
9
ки барои он, чун бадкоре, то ба ҳадди занҷир азоб мекашам, аммо каломи Худо занҷирбанд нест.
10
Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири интихобшудагон тоб меоварам, то онҳо низ наҷотеро, ки дар Масеҳ Исо аст, бо ҷалоли абадӣ ба даст оваранд.
11
Ин сухан боварибахш аст: Агар бо Ӯ мурдаем, Бо Ӯ зиндагӣ ҳам хоҳем кард;
12
Агар тоб оварем, Бо Ӯ ҳукмронӣ ҳам хоҳем кард; Агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард;
13
Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор мемонад; Худро инкор карда наметавонад.
14
Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд онҳоро қасам деҳ, ки дар бораи калимаҳо мунозира накунанд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро гумроҳ месозад.
15
Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки аз кор хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст таълим медиҳад.
16
Вале аз беҳудагӯии худобехабарона канорагирӣ намо; зеро ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар аз Худо дур мекунад,
17
ва суханашон чун мараз паҳн мешавад. Дар миёни онҳо Ҳименоюс ва Филитус ҳастанд,
18
ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки “растохез аллакай воқеъ шудааст”, ва имони баъзе касонро хароб мекунанд.
19
Аммо бунёди мустаҳками Худо пойдор аст ва чунин мӯҳре дорад: “Худованд касони Худро мешиносад”; ва “Ҳар кӣ номи Худовандро хонад, аз беинсофӣ канорагирӣ намояд”.
20
Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳастанд: баъзе барои истифодаи иззатнок, ва баъзе барои истифодаи одӣ.
21
Пас, агар касе худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истифодаи иззатнок мешавад: муқаддас ва фоиданок барои соҳибаш, тайёр ба ҳар кори нек.
22
Аз майлҳои ҷавонӣ гурез ва бо онҳое ки Худовандро бо дили пок мехонанд, аз пайи росткорӣ, имон, муҳаббат ва осоиш рав.
23
Аз баҳсҳои аблаҳона ва бехирадона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;
24
лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва пуртоқат бошад,
25
бо нармдилӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато кунад, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ расанд,
26
ва аз доми иблис, ки онҳоро асири хости худ гардондааст, раҳоӣ ёбанд.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4