bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Colossians 1
Colossians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
1
Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ва бародар Тимотиюс
2
ба муқаддасон ва бародарони бовафо дар Масеҳ, ки дар Кулассо мебошанд: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
3
Мо ҳамеша ҳангоми дуо барои шумо Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукр мегӯем,
4
пас аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Масеҳ Исо ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред,
5
ба хотири умеде ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар Инҷил шунидаед,
6
ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самар мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни шумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро шунидаед ва дар ростӣ донистаед,
7
чунон ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори азизи мо ва хизматгузори бовафои Масеҳ барои шумост,
8
ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст.
9
Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, барои шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то шумо аз дониши хости Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,
10
ба тавре ки шоистаи Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самар диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
11
ва мувофиқи қудрати ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват пурзӯр шавед, то бо шодӣ дорои ҳар сабр ва тоқат бошед,
12
ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардондааст,
13
ва Ӯ моро аз қудрати торикӣ халосӣ дода, ба Подшоҳии Писари дӯстдоштаи Худ гузарондааст,
14
ки дар Ӯ мо бозхарид шудаем, яъне бахшоиши гуноҳҳоро пайдо кардаем.
15
Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзода бар тамоми офариниш аст,
16
чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ фармонравоиҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ қудратҳо, ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст;
17
ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад.
18
Ва Ӯ сари бадан, яъне /сари/ ҷамоат аст; Ӯ ибтидо ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад;
19
зеро хушнудии /Худо/ дар ин буд, ки бо ҳамаи пуррагии Худ дар Ӯ сокин бошад,
20
ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоишро падид оварад, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба воситаи Ӯ /оштӣ диҳад/.
21
Ва шуморо, ки замоне ба сабаби майл ба корҳои бад бегона ва душман будед,
22
ҳоло дар бадани ҷисмонии Ӯ ба воситаи марги Ӯ оштӣ додааст, то шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,
23
фақат ба шарте ки шумо дар имон пойдор ва устувор бошед ва аз умеди Инҷил, ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми офаридаҳои зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.
24
Акнун дар азобҳои худ барои шумо шодмонам ва камии душвориҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои бадани Ӯ, ки ҷамоат аст, пур мекунам,
25
ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи коргузории Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,
26
яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасони Ӯ ошкор шудааст.
27
Худо хост ба онҳо шиносонад, ки чист сарвати ҷалоли ин сир дар миёни халқҳо, ки он Масеҳ дар шумо ва умеди ҷалол аст;
28
ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас насиҳат медиҳем ва ба ҳар кас бо ҳар ҳикмат ёд медиҳем, то ҳар касро дар Масеҳ Исо комил гардонда ҳозир кунем;
29
барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири /қуввати/ Ӯ, ки дар ман бо қудрат амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4