bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Colossians 4
Colossians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
1
Эй хоҷагон, ба ғуломони худ одилона ва боинсофона рафтор кунед, ва донед, ки шумо низ Хоҷае дар осмон доред.
2
Доимо бо дуо машғул бошед ва дар он бо шукргузорӣ бедор бошед;
3
барои мо ҳамчунин дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,
4
то онро ончунон аён созам, ки баён карданам лозим аст.
5
Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, бо ҳикмат рафтор кунед.
6
Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то донед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.
7
Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тихиқус хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари азиз ва хизматгузори бовафо ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
8
Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволатон хабар гирад ва дилҳоятонро тасаллӣ диҳад.
9
Ӯ ҳамроҳи бародари бовафо ва азиз Онисимус аст, ки аз байни шумост. Онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.
10
ристархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқус, амакбачаи Барнаббо, — ки шумо дар бораи ӯ фармудаҳо гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазироӣ кунед, —
11
ҳамчунин Исо, ки лақабаш Юстус аст; танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Подшоҳии Худо аз аҳли хатна; онҳо сабаби тасаллии ман шудаанд.
12
Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то шумо комил буда ва аз тамоми хости Худо дилпур шуда, истодагарӣ кунед.
13
Ва ман дар бораи ӯ гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лоудикия ва дар Ҳиропулис мебошанд, бисёр меҳнат мекунад.
14
Луқо, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
15
Ба бародарон дар Лоудикия, ба Нимфос ва ба ҷамоате ки дар хонаи ӯст, салом расонед.
16
Пас аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар ҷамоати Лоудикия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лоудикия аст, шумо низ хонед.
17
Ба Архипус гӯед: “Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба ӯҳдаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ”.
18
Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар хотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
All chapters:
1
2
3
4