bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Colossians 2
Colossians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
1
Зеро мехоҳам донед, ки ман чӣ гуна барои шумо ва барои касоне ки дар Лоудикия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки рӯи маро ҷисман надидаанд, ҷидду ҷаҳд мекунам,
2
то дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, барои ҳар сарвати фаҳми дилпурона дар муҳаббат пайванд шаванд, то сирри Худои Падар ва Масеҳро донанд,
3
ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон мебошанд.
4
Ва инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб гумроҳ накунад.
5
Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва тартиби шумо ва имони пойдори шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам.
6
Пас, ҳамон тавре ки Масеҳ Исои Худовандро қабул кардаед, дар Ӯ рафтор намоед,
7
ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед.
8
Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фиреби пуч, ки мувофиқи ривояти инсонӣ, мувофиқи қоидаҳои ҷаҳон, на мувофиқи Масеҳ аст, асир накунад.
9
Зеро дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст,
10
ва шумо дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва қудрат аст;
11
ва дар Ӯ шумо хатна шудаед, /вале/ на ба хатнае ки бо дасти одамизод карда шудааст, /балки/ ба хатнаи Масеҳ, ки бадани гуноҳолуди ҷисмониро канор мегузорад,
12
ки бо Ӯ дар таъмид гӯронда шудаед ва дар Ӯ бархезонда шудаед ба воситаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон бархезонд.
13
Ва шуморо, ки дар хатоҳо ва дар бехатнагии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда кард, чунки ҳамаи хатоҳотонро бахшид;
14
ва он айбномаро, ки бо фаризаҳо моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зад ва онро бар салиб мехкӯб карда, аз миён бардошт;
15
ва сарвариҳо ва қудратҳоро аз қувват маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва дар салиб бар онҳо дастболо шуд.
16
Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ё нӯшокӣ, ё барои риояи ид, ё навмоҳ, ё шанбе ҳукм накунад:
17
инҳо сояи чизҳои оянда мебошанд, аммо бадан аз они Масеҳ аст.
18
Касе шуморо бо шавқ ба хоксорӣ ва парастиши фариштаҳо аз мукофот маҳрум накунад, дар ҳоле ки вай ба чизҳои надидааш мудохила менамояд ва аз фикри ҷисмониаш беҳуда мағрур аст,
19
ва робитаи худро аз сари /бадан/ буридааст, /аз саре/ ки тамоми бадан ба воситаи пайвандҳо ва бандҳо қувват гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.
20
Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба қоидаҳои ҷаҳон мурда бошед, чаро, монанди онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фаризаҳои:
21
“нарас”, “начаш”, “даст назан”-ро пайравӣ менамоед,
22
дар ҳоле ки ҳамаи инҳо ба чизҳое дахл доранд, ки бо истифода аз байн мераванд, зеро бар фармудаҳо ва таълимотҳои инсонӣ бино шудаанд?
23
Инҳо дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори бадан ҳамчун ҳикмат менамоянд, лекин фоида надоранд ва /фақат/ барои қонеъ гардондани ҷисм мебошанд.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4