bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Colossians 3
Colossians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
1
Пас, чун бо Масеҳ бархезонда шудаед, он чиро, ки дар болост, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ аз дасти рости Худо нишастааст.
2
Дар бораи он чи дар болост, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
3
Зеро мурдаед, ва зиндагии шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст.
4
Ҳангоме Масеҳ, ки зиндагии мост, аён шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол аён мешавед.
5
Пас, узвҳои заминии худро: фосиқӣ, нопокӣ, ҳавою ҳавас, майли бад ва тамаъро, ки он бутпарастист, кушед,
6
ки барои онҳо ғазаби Худо бар мардуми беитоат меояд,
7
ки шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед.
8
Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: ғазаб, хашм, кина, бадгӯӣ ва суханони зишти даҳонатонро тарк намоед.
9
Ба якдигар дурӯғ нагӯед, зеро одами кӯҳнаро бо амалҳои вай аз худ бадар кардаед
10
ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба сурати Офарандаи худ нав мешавад,
11
ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на бехатнагӣ, на барбар, на сакоӣ, на ғулом ва на озод, балки Масеҳ ҳама чиз ва дар ҳама чиз аст.
12
Пас, ҳамчун интихобшудагони муқаддас ва дӯстдоштаи Худо, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, нармдилӣ ва пурсабриро дар бар кунед,
13
ва ба ҳамдигар тоқат кунед ва якдигарро бахшед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чунон ки Масеҳ шуморо бахшидааст, шумо низ чунин /кунед/.
14
Ва ба болои ҳамаи ин муҳаббатро дар бар кунед, ки он камарбанди камол аст.
15
Ва осоиши Худо дар дилҳои шумо ҳукмфармо бошад, ки ба он дар як бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.
16
Каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ ва ба ҳамаи ҳикмат сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, сурудҳои ситоишӣ ва рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо сипосгузорӣ дар дилҳои худ барои Худованд сароед.
17
Ва ҳар он чи дар гуфтор ё кирдор мекунед, ҳамаашро ба номи Худованд Исо ба ҷо оваред ва ба воситаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.
18
Эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, чунон ки дар Худованд шоиста аст.
19
Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо тундӣ накунед.
20
Эй фарзандон, ба падару модарони худ дар ҳама чиз итоат намоед, зеро ин писандидаи Худованд аст.
21
Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо дилхунук шаванд.
22
Эй ғуломон, ба хоҷаҳои заминии худ дар ҳама чиз итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо содадилӣ ва бо тарси Худо.
23
Ва ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, монанди он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,
24
чун медонед, ки аз Худованд меросро подош мегиред, зеро Масеҳи Худовандро бандагӣ менамоед.
25
Ва ҳар кӣ ноинсофӣ мекунад, мувофиқи ноинсофии худ сазо мегирад; ва рӯйбинӣ нест.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4