bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Philippians 1
Philippians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
1
Павлус ва Тимотиюс, бандагони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Масеҳ Исо, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо нигаҳбонон ва хизматгузорон:
2
Файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
3
Ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям
4
ва ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегӯям,
5
барои иштироки шумо дар башорат аз рӯзи аввал то ҳол,
6
ва дилпурам, ки Ӯ ки дар шумо кори хайрро сар кардааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом мерасонад;
7
чунон ки маро сазовор аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин гуна фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизату исботи Инҷил ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.
8
Худо маро шоҳид аст, ки ман бо меҳри Исои Масеҳ пазмони ҳамаи шумо ҳастам.
9
Ва дар он хусус дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва камоли фаҳм торафт афзунтар гардад,
10
то дарёбед, ки чӣ беҳтар аст. Он гоҳ дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб мешавед,
11
ва аз самарҳои росткорӣ пур мешавед, ки онҳо ба воситаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ситоиши Худоянд.
12
Эй бародарон, мехоҳам донед, ки он чи бо ман рӯй дод, боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст.
13
Занҷирҳои ман ба хотири Масеҳ ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон маълум шудааст,
14
ва аксари бародарон дар Худованд аз занҷирҳои ман устувор гардида, бештар ҷуръат мекунанд, ки каломи Худоро бе тарс гӯянд.
15
Дуруст аст, ки баъзе аз ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигар аз хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд.
16
Баъзеҳо аз худхоҳӣ, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гумони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд,
17
вале дигарон аз муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизати Инҷил /дар ин ҷо/ гузошта шудаам.
18
Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодӣ хоҳам кард,
19
зеро медонам, ки ин боиси халосии ман мешавад, ба воситаи дуои шумо ва бо ёрии Рӯҳи Исои Масеҳ,
20
ва бо майли том мунтазир ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда намешавам, балки бо камоли ҷуръат акнун ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар баданам бузургӣ меёбад, хоҳ дар зиндагӣ, хоҳ дар марг.
21
Зеро барои ман зиндагӣ Масеҳ аст, ва марг — фоида.
22
Аммо агар дар ҷисм зистанам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам кадомашро интихоб намоям.
23
Ҳар дуяш ҳам маро ҷалб мекунад: орзу дорам, ки равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст;
24
валекин дар ҷисм монданам барои шумо заруртар аст.
25
Ва ман аз ин дилпур буда, медонам, ки мемонам ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо меистам,
26
то фахри шумо дар Масеҳ Исо ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо биёям.
27
Фақат ин ки шоистаи Инҷили Масеҳ умр гузаронед, то ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо шунавам, ки шумо дар як рӯҳ пойдор буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,
28
ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, ва ин аз ҷониби Худост.
29
Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ азоб ҳам кашед,
30
бо ҳамон ҷидду ҷаҳде ки шумо дар ман дидаед ва акнун дар бораи ман мешунавед.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4