bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Philippians 2
Philippians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
1
Пас агар тасаллие дар Масеҳ бошад, агар хушнудии муҳаббат бошад, агар мушоракати Рӯҳ бошад, агар дилсӯзӣ ва марҳамат бошад,
2
пас шодии маро бо он пурра кунед, ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед;
3
аз рӯи худхоҳӣ ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ беҳтар донед;
4
ҳар яке на танҳо дар бораи кори худ, балки дар бораи кори дигарон низ ғамхорӣ намояд.
5
Зеро дар шумо низ бояд ҳамон фикр бошад, ки дар Масеҳ Исо буд,
6
ки Ӯ, агарчи дар сурати Худо буд, Бо Худо баробар буданро Ғанимат нашумурд,
7
Балки аз он даст кашида, Ба сурати ғулом даромад Ва ба одамон монанд гардид; Ва дар симо чун одамизод шуда,
8
Худро хор сохт Ва то ба марг, то ба марги салиб Ба Худо фармонбардор гардид.
9
Бинобар ин Худо низ Ӯро бисёр сарафроз кард Ва ба Ӯ номе дод, Ки аз ҳар ном болотар аст,
10
То ба номи Исо Ҳар зонуе, Ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,
11
Ва ҳар забон эътироф намояд, Ки Исои Масеҳ Худованд аст, Барои ҷалоли Худои Падар.
12
Пас, эй азизонам, чунон ки ҳамеша фармонбардор будед, — на танҳо дар будани ман, балки боз ҳам зиёдтар акнун дар набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,
13
зеро Худост, ки дар шумо барои хушнудии Худ ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.
14
Ҳар корро бе шикоят ва шубҳа ба ҷо оваред,
15
то бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо монанди ситорагон дар ҷаҳон медурахшед.
16
Каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки беҳуда даводавӣ накардаам ва беҳуда меҳнат накардаам.
17
Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;
18
шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.
19
Ва дар Худованд Исо умедворам, ки Тимотиюсро ба зудӣ назди шумо фиристонам, то ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам.
20
Зеро каси дигаре монанди ӯ надорам, ки дар бораи аҳволи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ мекарда бошад;
21
чунки ҳама дар пайи корҳои худ ҳастанд, на корҳои Масеҳ Исо.
22
Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ бо ман, монанди фарзанд ба падар, дар башорат бандагӣ намудааст.
23
Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад.
24
Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ меоям.
25
Аммо лозим донистам, ки Эпафрудитусро назди шумо равона кунам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ки шумо ӯро чун ходим дар мӯҳтоҷиям фиристода будед.
26
Чунки ӯ пазмони ҳамаи шумо буд ва бисёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст.
27
Ҳақиқатан бемор ва дар остонаи марг буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на танҳо ба ӯ, балки ба ман низ, то бар ғуссаи ман ғуссае илова нашавад.
28
Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то шумо ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.
29
Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин шахсонро қадрдонӣ кунед.
30
Зеро ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дареғ надошт, то камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4