bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Philippians 4
Philippians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
1
Пас, эй бародарони азиз ва дилхоҳи ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин гуна истодагарӣ намоед, эй азизон.
2
Аз Авудия илтимос мекунам ва аз Синтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.
3
Ва аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак расонӣ. Онҳо барои башорат бо ман ва бо Климентус ва бо ҳамкорони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.
4
Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.
5
Бигзор нармдилии шумо ба ҳамаи одамон маълум гардад; Худованд наздик аст.
6
Ҳеҷ ғам нахӯред, балки дар ҳар чиз бо дуо ва илтимос ҳамроҳи шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, —
7
ва осоиши Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Масеҳ Исо нигоҳ медорад.
8
Хулоса, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва шоиста аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва некном аст, ва ҳар он чи некӯ ва шоёни ситоиш аст, дар бораи онҳо фикр кунед.
9
Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва қабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиш бо шумо мешавад.
10
Ва ман дар Худованд хеле шод шудам, ки акнун шумо ғамхории худро дар ҳаққи ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам ғамхорӣ менамудед, вале фурсат надоштед.
11
Инро на ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегӯям; зеро ман ёд гирифтаам, ки дар ҳар ҳолате ки бошам, қаноат намоям:
12
Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; ба ҳар чиз ва ба ҳама чиз, ба серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камӣ омӯхта шудаам;
13
ҳамааш аз дастам меояд, бо /ёрии/ Масеҳ, ки маро қувват мебахшад.
14
Лекин хуб кардед, ки дар душвориҳои ман шарик шудед.
15
Ва шумо, эй филиппиён, ҳамчунин медонед, ки дар ибтидои башорат, ҳангоме ки аз Мақдуния баромадам, ҳеҷ як ҷамоат дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;
16
ҳатто ба Тасолуникӣ як-ду дафъа барои эҳтиёҷоти ман чиз фиристодед.
17
На ин ки ман хоҳони ҳадия бошам, балки хоҳони самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо афзояд.
18
Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, ҳангоме ки /ҳадияи/ фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи хуш, ҳамчун қурбонии мақбули писандидаи Худо, аз дасти Эпафрудитус гирифтам.
19
Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо аз рӯи сарвати ҷалоли Худ дар Масеҳ Исо пур мекунад.
20
Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.
21
Ба ҳар як муқаддас дар Масеҳ Исо салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд.
22
Ҳамаи муқаддасон, хусусан онҳое ки аз хонадони қайсар ҳастанд, ба шумо салом мегӯянд.
23
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
All chapters:
1
2
3
4