bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Philippians 3
Philippians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
1
Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Ҳамон чизҳоро /такроран/ ба шумо навиштан барои ман гарон нест, лекин барои бехатарии шумост.
2
Аз \сагон\ эҳтиёт шавед, аз бадкирдорон эҳтиёт шавед, аз аҳли хатнаи бардурӯғ эҳтиёт шавед;
3
зеро аҳли хатна моем, ки дар Рӯҳи Худо ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,
4
гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман — бештар,
5
ки ман дар рӯзи ҳаштум хатна шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз қабилаи Бинёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат фарисӣ,
6
аз ҷиҳати ғайрат таъқибкунандаи ҷамоат, аз ҷиҳати росткории шариатӣ беайб.
7
Лекин он чиро барои ман фоида буд, ба хотири Масеҳ зиён донистам.
8
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири бартарии дониши Худованди ман Масеҳ Исо зиён медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам
9
ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо росткории худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо росткорие ки аз Худо дар асоси имон аст.
10
Мехоҳам Ӯро, ва қуввати растохези Ӯро, ва иштирок дар азобҳои Ӯро фаҳмам ва дар марги Ӯ ба Ӯ монанд шавам,
11
ба умеди он ки ба растохез аз мурдагон расам.
12
На ин ки аллакай ба даст оварда бошам, ё комил шуда бошам, балки аз пайи он медавам, ки шояд ман низ онро ба даст оварам, ки барои он Масеҳ Исо маро ба даст овардааст.
13
Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман ба даст оварда бошам, балки /танҳо/ як корро /мекунам/: он чиро, ки дар қафост, аз ёд бароварда ва сӯи он чи дар пеш аст, ҳаракат карда,
14
ман сӯи мақсаде медавам, сӯи мукофоти даъвати осмонии Худо, /ки/ дар Масеҳ Исо /аст/.
15
Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин гуна фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор месозад.
16
Аммо ба ҳар чи мо расидаем, бояд аз рӯи ҳамон қоида рафтор намоем ва ҳамон гуна фикр кунем.
17
Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд.
18
Зеро бисёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва акнун низ бо гиря мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд;
19
оқибати онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.
20
Лекин шаҳрвандии мо дар осмон аст, ки аз он ҷо Худованд Исои Масеҳро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор ҳастем.
21
Ӯ бадани ночизи моро ба монандии бадани пурҷалоли Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун хоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4