bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Samuel 21
1 Samuel 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 22 →
1
Ва Довуд ба Нуб назди Аҳималики коҳин омад; ва Аҳималик бо ошӯбе ба пешвози Довуд шитофта, ба ӯ гуфт: «Чаро ту танҳо омадаӣ, ва касе бо ту нест?»
2
Ва Довуд ба Аҳималики коҳин гуфт: «Подшоҳ ба ман кореро супурда, ба ман гуфт: „Аз ин кор, ки туро барояш мефиристам, ва аз он чи ба ту амр фармудаам, бигзор касе ҳеҷ хабардор нашавад“; ва навкаронро ман дар фалон ҷо гузоштам.
3
Ва алҳол, агар чизе дар дастат бошад, панҷто нон, ё ҳар чизе ки ёфт шавад, ба ман бидеҳ».
4
Ва коҳин ба Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Нони оддӣ дар дастам нест, балки нони муқаддас ҳаст, ба шарте ки навкарон аз зан худдорӣ карда бошанд».
5
Ва Довуд ба коҳин ҷавоб гардонида, ба вай гуфт: «Рости гап, дирӯз ва парирӯз, аз рӯзе ки берун омадаам, занон аз мо дур буданд, ва зарфҳои навкарон муқаддас мебошад, ва агарчи роҳи мо қудсият надорад, бо вуҷуди он имрӯз нон дар зарфҳо муқаддас хоҳад монд».
6
Ва коҳин нони муқаддасро ба ӯ дод, зеро ки дар он ҷо ноне набуд, ҷуз нонҳои тақдим, ки аз пеши Худованд бардошта шуда буд, то ки дар рӯзи бардоштанаш нонҳои гарм бимонанд.
7
Ва дар он ҷо дар он рӯз шахсе аз навкарони Шоул ба ҳузури Худованд истода буд, ва ӯ Дӯаги адӯмӣ ном дошта, мири рамабонони Шоул буд.
8
Ва Довуд ба Аҳималик гуфт: «Оё ин ҷо дар дастат найзае ё шамшере ҳаст? Зеро ки ман шамшерам ва яроқи дигарамро низ бо худ наовардаам, чунки супориши подшоҳ таъҷилӣ буд».
9
Ва коҳин гуфт: «Инак, шамшери Ҷольёти фалиштӣ, ки варо ту дар дараи Эло куштӣ, дар қафои эфӯд бо либосе печонида монда шудааст; агар мехоҳӣ онро барои худ бигирӣ, — бигир, зеро ки ғайр аз он дар ин ҷо дигаре нест». Ва Довуд гуфт: «Хубтар аз он нест, онро ба ман бидеҳ».
10
Ва Довуд бархоста, дар он рӯз аз пеши Шоул гурехт, ва назди Окиш, подшоҳи Ҷат, омад.
11
Ва навкарони Окиш ба вай гуфтанд: «Ин, охир, Довуд, подшоҳи он замин аст; дар бораи ӯ, охир, рақскунон месуруданд: „Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд — беварҳоро!“»
12
Ва Довуд ин суханонро дар дили худ ҷо дод, ва аз Окиш, подшоҳи Ҷат, бисьёр ҳаросон шуд.
13
Ва дар назари онҳо рафтори худро тағьир дода, назди онҳо худро ба девонагӣ зад, ва бар табақаҳои дарвоза нақш мекашид, ва оби даҳанашро бар ришаш мерехт.
14
Ва Окиш ба навкарони худ гуфт: «Инак, шумо мебинед, ки ин шахс девона аст; пас, чаро варо назди ман овардаед?
15
Оё ман ба девонагон эҳтиёҷ дорам, ки варо овардаед, то назди ман девонагӣ кунад? Оё лозим аст, ки ин шахс ба хонаи ман дохил шавад?»
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31