bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Samuel 3
1 Samuel 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 4 →
1
Ва Самуили амрад пеши Элӣ хизматгузори Худованд буд; ва каломи Худованд дар он айём камьёфт буд, ва рӯъё ҳанӯз маъмул набуд.
2
Ва рӯзе аз рӯзҳо чунин воқеъ шуд, ки Элӣ дар ҷояш хобида буд; ва чашмонаш хира гардида буд, ба тавре ки ӯ наметавонист бубинад.
3
Ва чароғи Худо ҳанӯз хомӯш нашуда буд; ва Самуил дар маъбади Худованд мехобид, ки дар он ҷо сандуқи Худо буд.
4
Ва Худованд Самуилро хонд, ва ӯ гуфт: «Лаббай!»
5
Ва шитобон сӯи Элӣ рафта, гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам; баргашта, бихоб». Ва ӯ рафта, хобид.
6
Валекин Худованд бори дигар хонд: «Эй Самуил!» Ва Самуил бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам, писарам; баргашта, бихоб».
7
Ва Самуил Худовандро ҳанӯз намешинохт, ва каломи Худованд ҳанӯз бар ӯ зоҳир нашуда буд.
8
Ва Худованд бори сеюм Самуилро хонд; ва ӯ бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Ва Элӣ фаҳмид, ки Худованд амрадро хондааст.
9
Ва Элӣ ба Самуил гуфт: «Рафта, бихоб, ва ҳангоме ки туро бихонад, бигӯй: „Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад“». Ва Самуил рафта, дар ҷояш хобид.
10
Ва Худованд омада, биистод ва, мисли дафъаҳои пеш, хонд: «Эй Самуил, Самуил!» Ва Самуил гуфт: «Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад».
11
Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Инак, Ман коре дар Исроил мекунам, ва ҳар касе ки дар бораи он бишнавад, хар ду гӯшаш садо хоҳад дод.
12
Дар он рӯз Ман бар Элӣ ҳар он чиро, ки дар бораи хонадонаш гуфтаам, иҷро хоҳам кард; ба ин кор шурӯъ намуда, онро ба анҷом хоҳам расонид.
13
Ва Ман ба ӯ хабар дода будам, ки хонадони ӯро ба сурати абадӣ доварӣ хоҳам намуд, барои он гуноҳи ӯ, ки ӯ медонист, ки писаронаш бар худ лаънат меоваранд, вале ӯ онҳоро ҷилавгирӣ накард.
14
Бинобар ин Ман дар ҳаққи хонадони Элӣ қасам хӯрдаам, ки гуноҳи хонадони Элӣ бо қурбонй ва ҳадия то абад кафорат нахоҳад шуд».
15
Ва Самуил то субҳ хобид, ва дарҳои хонаи Худовандро воз кард; ва Самуил тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад.
16
Вале Элӣ Самуилро хонда, гуфт: «Эй писарам Самуил!» Ӯ гуфт: «Лаббай!».
17
Ва гуфт: «Чӣ суханест, ки ба ту гуфтааст? Лутфан, аз ман пинҳон надор! Худо ба ту чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар аз ҳар чизе ки ба ту гуфтааст, чизеро аз ман пинҳон дорӣ».
18
Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».
19
Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд, ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт.
20
Ва тамоми Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, донистанд, ки Худованд Самуилро набии амини Худ ёфтааст.
21
Ва Худованд боз дар Шилӯ зоҳир шудан гирифт, чунон ки Худованд дар Шилӯ бо каломи Худованд бар Самуил зоҳир шуд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31