bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Samuel 31
1 Samuel 31
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
1
Ва фалиштиён бо Исроил ҷанг мекарданд, ва мардуми Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва бар кӯҳи Ҷилбӯа шаҳид шуда афтоданд.
2
Ва фалиштиён ба Шоул ва писаронаш омада расиданд; ва фалиштиён Йӯнотон ва Абинодоб ва Малкишуа — писарони Шоулро куштанд.
3
Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд; ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд; ва ӯ аз дасти тирандозон бағоят дилтанг шуд.
4
Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта, бар он афтод.
5
Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, бо ӯ мурд.
6
Ба ҳамин тариқ Шоул ва се писараш ва силоҳбардораш, низ ҳамаи одамонаш дар он рӯз якҷоя мурданд.
7
Ва мардуми Исроил, ки дар он тарафи водӣ ва дар он тарафи Урдун буданд, чун диданд, ки исроилиён рӯ ба гурез овардаанд, ва Шоул ва писаронаш мурдаанд, — шаҳрҳоро партофта, гурехтанд, ва фалиштиён омада, дар онҳо сокин шуданд.
8
Ва фардояш фалиштиён барои луч кардани шаҳидон омаданд, ва Шоул ва се писарашро ёфтанд, ки бар кӯҳи Ҷилбӯа афтода буданд.
9
Ва сари ӯро буриданд, ва аслиҳаи ӯро гирифтанд, ва ба ҳар тарафи замини фалиштиён фиристоданд, то ки ба бутхонаҳои худ ва ба қавм башорат диҳанд.
10
Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи Аштора гузоштанд, ва ҷасадашро бар ҳисори Байт‐Шон овехтанд.
11
Ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъод он чиро, ки фалиштиён ба Шоул карда буданд, шуниданд,
12
Ва ҳамаи мардони далер бархоста, тамоми шаб роҳ паймуданд, ва ҷасади Шоул ва ҷасади писаронашро аз ҳисори Байт‐Шон гирифтанд, ва ба Ёбиш омада, онҳоро дар он ҷо сӯзониданд.
13
Ва устухонҳои онҳоро гирифта, зери дарахти газ, ки дар Ёбиш аст, дафн карданд. Ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31