bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Samuel 29
1 Samuel 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 30 →
1
Ва фалиштиён ҳамаи лашкарҳои худро дар Афеқ ҷамъ карданд; ва исроилиён назди чашмае ки дар Изреъил аст, ӯрду заданд.
2
Ва сарварони фалиштиён бо фавҷҳои саднафарӣ ва ҳазорнафарӣ мегузаштанд, вале Довуд ва одамонаш бо Окиш аз ақиб равона буданд.
3
Ва мирони фалиштиён гуфтанд: «Ин ибриён кистанд?» Ва Окиш ба мирони фалиштиён гуфт: «Ин, охир, Довуд — бандаи Шоул подшоҳи Исроил — аст, ки як‐ду сол боз назди ман мебошад, ва аз рӯзи омаданаш то имрӯз аз ӯ айбе наёфтаам».
4
Ва мирони фалиштиён бар ӯ хашмгин шуданд, ва мирони фалиштиён ба ӯ гуфтанд: «Ин мардро баргардон, то ба маконе ки барояш таъин намудаӣ, гашта равад, ва бо мо ба ҷанг набарояд, ва дар ҷанг ба мо душманӣ накунад, зеро вай бо чӣ чизе метавонад бо оғои худ оштӣ шавад? Оё на бо каллаҳои ин одамон?
5
Ин, охир, ҳамон Довуд аст, ки дар бораи вай рақскунон месуруданд: „Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд — беварҳоро!“»
6
Ва Окиш Довудро даъват намуда, ба ӯ гуфт: «Қасам ба Худованд, ки ту дилсоф ҳастӣ, ва бо ман дар ӯрдугоҳ даробаро карданат дар назари ман писанд меояд, зеро аз рӯзе ки назди ман омадаӣ, то имрӯз аз ту бадӣ надидаам; вале дар назари сарварон ту хуб нестӣ.
7
Ва алҳол баргашта, ба саломатӣ бирав, ва коре накун, ки ба назари сарварони фалиштиён бад намояд».
8
Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Ман чӣ кардаам, ва аз рӯзе ки назди ту омадаам, то имрӯз дар бандаат чӣ ёфтаӣ, ки ман наоям ва бо душманони оғоям подшоҳ ҷанг накунам?»
9
Ва Окиш ба Довуд ҷавоб гардонда, гуфт: «Медонам, ки ту дар назарам мисли фариштаи Худо нек ҳастӣ, аммо мирони фалиштиён гуфтанд: „Вай бо мо ба ҷанг набарояд“.
10
Ва алҳол бомдодон бо навкарони оғоят, ки бо ту омадаанд, бармаҳал бархез; ва чун бомдодон бармаҳал бархостед, бароятон ҳаво равшан ки шуд, биравед».
11
Ва Довуд бо одамонаш бомдодон бармаҳал бархост, то ки ба замини фалиштиён баргардад. Ва фалиштиён ба Изреъил баромаданд.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31