bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Samuel 26
1 Samuel 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 27 →
1
Ва зифиён назди Шоул ба Ҷибъо омада, гуфтанд: «Довуд, охир, дар тали Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон аст, пинҳон шудааст».
2
Ва Шоул бархоста, ба биёбони Зиф фурӯд омад, ва се ҳазор марди гузини Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, то ки Довудро дар биёбони Зиф ҷустуҷӯ намоянд.
3
Ва Шоул дар Ҷибъои Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон, дар сари роҳ аст, ӯрду зад; ва Довуд дар биёбон буд, ва дид, ки Шоул аз паи ӯ омадааст.
4
Ва Довуд ҷосусонро фиристод, ва донист, ки Шоул ҳақиқатан омадааст.
5
Ва Довуд бархоста, ба маконе ки Шоул ӯрду зада буд, омад, ва Довуд ҷоеро, ки Шоул ва сарлашкараш Абнир ибни Нир дар он хобида буданд, дид; ва Шоул андаруни давра мехобид, ва қавм гирдогирди ӯ ҷойгир шуда буданд.
6
Ва Довуд ба Аҳималики ҳиттӣ ва Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, муроҷиат намуда, гуфт: «Кист, ки бо ман назди Шоул ба ӯрдугоҳ фурӯд ояд?» Ва Абишой гуфт: «Ман бо ту фурӯд меоям».
7
Ва Довуд ва Абишой шабона назди қавм омаданд, ва инак Шоул андаруни давра ёзида хобидааст, ва найзааш пеши сараш дар замин халонида шудааст; ва Абнир ва қавм гирдогирди ӯ хобидаанд.
8
Ба Абишой ба Довуд гуфт: «Худо имрӯз душмани туро ба дасти ту супурдааст; ва алҳол ба ман изн бидеҳ, то ки ӯро бо як зарбаи найза ба замин бидӯзам, ва барои зарбаи дуюм ҳоҷат нахоҳад буд».
9
Вале Довуд ба Абишой гуфт: «Ӯро накуш, зеро кист, ки дасти худро ба масеҳи Худованд дароз карда, беҷазо монда бошад?»
10
Ва Довуд гуфт: «Касам ба ҳаёти Худованд, ки ӯро ё Худованд маҳв хоҳад кард, ё аҷалаш расида хоҳад мурд, ё ба ҷанг рафта, нобуд хоҳад шуд.
11
Хошо аз тарси Худованд, ки ман дасти худро ба масеҳи Худованд дароз кунам! Ва алҳол, лутфан, найзаеро, ки пеши сараш мебошад, ва кӯзаи обро бигир, ва мо ба роҳи худ биравем».
12
Ва Довуд найза ва кӯзаи обро аз пеши сари Шоул гирифт, ва онҳо ба роҳи худ рафтанд; ва касе надид, ва касе нафаҳмид, ва касе бедор нашуд, чунки ҳама ғарқи хоб буданд, зеро хоби сахте аз ҷониби Худованд бар онҳо ғолиб омада буд.
13
Ва Довуд ба тарафи дигар гузашта, бар қуллаи кӯҳ аз дурдаст истод, ба тавре ки масофаи бузурге дар миёни онҳо буд.
14
Ва Довуд қавм ва Абнир ибни Нирро хонда, гуфт: «Эй Абнир, ҷавоб деҳ!» Ва Абнир ҷавоб гардонида, гуфт: «Ту кистӣ, ки подшоҳро мехонӣ?»
15
Ва Довуд ба Абнир гуфт: «Ту, охир, мард ҳастӣ, ва дар Исроил кист, ки мисли ту бошад? Пас чаро оғои худ подшоҳро нигаҳбонӣ намекунӣ? Зеро яке аз миёни қавм омада буд, то ки оғои ту подшоҳро ба ҳалокат бирасонад.
16
Ин коре ки ту кардаӣ, хуб нест; қасам ба ҳаёти Худованд, ки ҳамаи шумо сазовори қатл ҳастед, чунки оғои худ, масеҳи Худовандро нигаҳбонӣ накардаед. Ва алҳол бубин, ки найзаи подшоҳ ва кӯзаи об, ки пеши сараш буд, куҷост?»
17
Ва Шоул овози Довудро шинохта, гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Довуд гуфт: «Овози ман аст, эй оғоям подшоҳ».
18
Ва гуфт: «Ин аз чӣ сабаб аст, ки оғоям бандаи худро таъқиб мекунад? Ман чӣ кардаам, ва чӣ шарорате дар дасти ман аст?
19
Ва алҳол, лутфан, оғоям подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Худованд туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ‐одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Худованд малъун бошанд, зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Худованд бадар ронда, мегӯянд: „Рафта худоёни дигарро ибодат намо“.
20
Ва алҳол бигзор хуни ман дур аз ҳузури Худованд бар замин рехта нашавад, зеро ки подшоҳи Исроил барои ҷустуҷӯи як кайке берун омадааст, чунон ки кабкеро дар кӯҳҳо таъқиб мекунанд».
21
Ва Шоул гуфт: «Ман хато кардам! Баргард, эй писарам Довуд, зеро ба ту дигар бадӣ нахоҳам кард, чунки имрӯз ҷони ман дар назари ту азиз буд; инак, аблаҳона рафтор карда, бағоят гумроҳ гардидам».
22
Ва Довуд ҷавоб дода, гуфт: «Инак найзаи подшоҳ; бигзор яке аз амрадон ба ин ҷо гузашта, онро гирад.
23
Ва Худованд бигзор ба ҳар кас бар тибқи адолати вай ва садоқати вай подош диҳад, чунки Худованд туро имрӯз ба дастам супурд, вале ман нахостам дасти худро бар масеҳи Худованд дароз кунам.
24
Ва инак, чунон ки имрӯз ҷони ту дар назари ман азиз буд, ончунон ҷони ман ҳам бигзор дар назари Худованд азиз бошад, ва Ӯ маро аз ҳар мусибат халосӣ диҳад».
25
Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Муборак ҳастӣ ту, эй писарам Довуд, ки ҳам корҳои бузург хоҳӣ кард ва ҳам комьёб хоҳӣ шуд». Ва Довуд ба роҳи худ рафт, ва Шоул ба макони худ баргашт.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31