bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Kings 10
2 Kings 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 11 →
1
Ва Аҳъоб дар Сомария ҳафтод писар дошт. Ва Еҳу мактубҳо навишта, ба Сомария ба сарварони Изреъил, ба пирон ва мураббиёни банӣ‐Аҳъоб фиристода, гуфт:
2
«Ва алҳол, вақте ки ин мактуб ба шумо бирасад, — дар сурате ки писарони оғои шумо бо шумо мебошанд, ва аробаҳо ва аспон ва шаҳри ҳисордор ва аслиҳа бо шумост, —
3
Шумо беҳтарин ва муносибтарин писари оғои худро интихоб намуда, бар тахти падараш биншонед, ва барои хонадони оғои худ биҷангед».
4
Вале онҳо ниҳоятдараҷа ҳаросон шуда, гуфтанд: «Инак, ду подшоҳ натавонистанд пеши ӯ истодагӣ кунанд, — пас мо чӣ гуна истодагӣ хоҳем кард?»
5
Ва нозири хона, ва сардори шаҳр, ва пирон, ва мураббиён фиристода, гуфтанд: «Мо бандагони ту ҳастем, ва ҳар чи ба мо амр фармоӣ, ба ҷо хоҳем овард. Мо ҳеҷ касро подшоҳ нахоҳем кард; он чи дар назарат писанд бошад, бикун».
6
Ва ӯ бори дуюм ба онҳо мактуб навишта, гуфт: «Агар шумо бо ман буда, ба овози ман итоат мекарда бошед, каллаҳои писарони оғои худро бигиред ва фардо дар ҳамин вақт назди ман ба Изреъил биёед». Ва писарони подшоҳ ҳафтод нафар буданд, ки онҳоро бузургони шаҳр тарбият менамуданд.
7
Ва ҳангоме ки мактуб ба онҳо расид, онҳо писарони подшоҳро гирифтанд, ва ҳафтод нафарро куштанд, ва каллаҳои онҳоро дар сабадҳо гузошта, назди ӯ ба Изреъил фиристоданд.
8
Ва қосиде омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Каллаҳои писарони подшоҳро оварданд». Ва ӯ гуфт: «Онҳоро ду ғарам карда, дар даҳани дарвоза то субҳ бимонед».
9
Ва субҳидам ӯ берун омада, истод ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо одил ҳастед! Инак, ман ба муқобили оғои худ суиқасд намуда, ӯро куштам, — вале кист, ки ҳамаи инҳоро куштааст?
10
Пас, бидонед, ки аз каломи Худованд, ки Худованд дар бораи хонадони Аҳъоб ба забон рондааст, ҳарфе бар замин нахоҳад афтод, ва Худованд он чиро, ки ба воситаи бандаи худ Ильёс гуфта буд, ба амал овард».
11
Ва Еҳу ҳамаи боқимондагони хонадони Аҳъобро, ки дар Изреъил буданд, ва ҳамаи бузургонаш ва муқаррабонаш ва коҳинонашро кушт, ба тавре ки касе барои ӯ боқӣ намонд.
12
Ва бархоста, равона шуд ва ба Сомария омад. Вақте ки дар роҳ ба Байт‐Ақди чӯпонон расид,
13
Еҳу ба бародарони Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, дучор омада, гуфт: «Шумо кистед?» Гуфтанд: «Мо бародарони Аҳазьёҳу ҳастем, ва барои хабар гирифтан аз саломатии писарони подшоҳ ва писарони малика меравем».
14
Ва ӯ гуфт: «Инҳоро зинда дастгир кунед!» Ва онҳоро зинда дастгир карданд, ва онҳоро, ки чилу ду нафар буданд, назди чоҳи Байт‐Ақд куштанд, ва аз онҳо касе боқӣ намонд.
15
Ва аз он ҷо равона шуда, бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб, ки ба истиқболи ӯ меомад, вохӯрд, ва ӯро табрик намуда, гуфт: «Оё дили ту рост аст, чунон ки дили ман бо дили туст?» Ва Еҳӯнодоб гуфт: «Оре». Гуфт: «Ин тавр бошад, дастатро бидеҳ». Вай дасти худро дод, ва ӯ варо назди худ ба ароба баровард.
16
Ва гуфт: «Ҳамроҳи ман биё ва рашки маро, ки барои Худованд дорам, бубин». Ва варо ба аробаи ӯ савор карданд.
17
Ва ҳангоме ки ӯ ба Сомария расид, ҳамаи боқимондагони Аҳъобро, ки дар Сомария буданд, кушт, ба тавре ки тамоман ӯро маҳв кард, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Ильёс гуфта буд.
18
Ва Еҳу тамоми қавмро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Аҳъоб Баалро кам парастиш кард, — Еҳу варо бисьёр парастиш хоҳад кард.
19
Ва алҳол тамоми анбиёи Баал, ҳамаи хизматгузоронаш ва ҳамаи коҳинонашро назди ман даъват намоед, ба тавре ки касе ғоиб набошад, зеро ки ман забҳи бузурге барои Баал хоҳам кард. Ҳар касе ки ғоиб бошад, зинда нахоҳад монд». Ва Еҳу инро бо найранг ба амал овард, то ки хизматгузорони Баалро ба ҳалокат расонад.
20
Ва Еҳу гуфт: «Маҷлиси идона барои Баал эълон намоед!» Ва онро эълон карданд.
21
Ва Еҳу ба тамоми Исроил фиристод, ва ҳамаи хизматгузорони Баал омаданд, ва касе намонд, ки наомада бошад; ва онҳо ба хонаи Баал даромаданд, ва хонаи Баал сар то сар пур шуд.
22
Ва ӯ ба нозири ҳуҷраи либос гуфт: «Барои ҳамаи хизматгузорони Баал либос барор». Вай барои онҳо либос баровард.
23
Ва Еҳу бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб ба хонаи Баал дохил шуд, ва ба хизматгузорони Баал гуфт: «Тафтиш кунед ва бубинед, ки касе аз бандагони Худованд дар ин ҷо бо шумо набошад, балки танҳо хизматгузорони Баал бошанд».
24
Ва онҳо ба тақдим намудани забҳҳо ва қурбониҳои сӯхтанӣ шурӯъ карданд. Ва Еҳу барои худ дар берун ҳаштод касро гузошта, гуфт: «Агар аз касоне ки ман ба дасти шумо бисупорам, як нафар раҳоӣ ёбад, ҷонатон ба ҷои ҷони вай хоҳад буд».
25
Ва ҳангоме ки тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ба анҷом расид, Еҳу ба шотирон ва саркардагон гуфт: «Даромада, онҳоро бикушед, ва як нафар ҳам берун наояд!» Ва онҳоро ба дами шамшер куштанд; ва шотирон ва саркардагон онҳоро бароварда партофтанд, ва ба шаҳр, андаруни хонаи Баал баргаштанд.
26
Ва сутунҳои хонаи Баалро берун оварда, сӯзониданд.
27
Ва ҳайкали Баалро шикастанд; ва хонаи Баалро хароб карданд, ва онро ба ахлотҷой табдил доданд, ки то имрӯз чунин аст.
28
Ва Еҳу Баалро аз Исроил нест кард.
29
Аммо Еҳу аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, яъне аз гӯсолаҳои тилло, ки дар Байт‐Ил ва дар Дон буд, дур нашуд.
30
Ва Худованд ба Еҳу гуфт: «Азбаски ту он чиро, ки дар назари Ман мақбул буд, нағз иҷро кардӣ, ва ҳар чиро, ки дар дили Ман буд, дар ҳаққи хонадони Аҳъоб ба амал овардӣ, бинобар ин писаронат то насли чорум бар тахти Исроил хоҳанд нишаст».
31
Валекин Еҳу саъю кӯшиш накард, ки шариати Худованд Худои Исроилро бо тамоми дили худ пайравӣ намояд: ӯ аз гуноҳҳои Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.
32
Дар он айём Худованд ба қатъ кардани Исроил шурӯъ намуд; ва Ҳазоил онҳоро дар тамоми ҳудуди Исроил зарба мезад:
33
Аз Урдун ба тарафи тулӯи офтоб, тамоми замини Ҷилъод: ҷодиён ва реубениён ва менашшеиёнро, аз Арӯэр, ки бар наҳри Арнӯн аст, ва Ҷилъод ва Бошон.
34
Ва бақияи аъмоли Еҳу, ва ҳар чи ӯ кард, ва тамоми корнамоии ӯ дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
35
Ва Еҳу бо падарони худ хобид, ва ӯро дар Сомария дафн карданд; ва писараш Еҳӯоҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
36
Ва айёме ки Еҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳӣ кард, бисту ҳашт сол буд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25