bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Kings 22
2 Kings 22
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 23 →
1
Дар вақти подшоҳ шуданаш Йӯшиёҳу ҳаштсола буд, ва ӯ сию як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Едидо бинти Адоё, аз Босқат, буд.
2
Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард; ва бо тамоми роҳи падараш Довуд равона шуд, ва ба тарафи рост ё чап майл накард.
3
Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу чунин воқеъ шуд, ки подшоҳ Шофон ибни Асальёҳу ибни Машулломи котибро ба хонаи Худованд фиристода, гуфт:
4
«Назди Ҳилқиёи саркоҳин бирав, ва ӯ нуқраеро, ки ба хонаи Худованд оварда шудааст, ва остонабонон онро аз қавм ҷамъ кардаанд, бишуморад,
5
Ва онро ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин карда шудаанд, бисупорад, то ки онҳо онро ба коргароне ки дар хонаи Худованд барои таъмири рахнаҳои хона кор мекунанд, бидиҳанд,
6
Яъне ба дуредгарон ва бинокорон ва гилкорон; ва барои харидани чӯбу тахта ва сангҳои тарошидашуда аз баҳри таъмири хона».
7
Аммо аз нуқрае ки ба дасташон супурда мешуд, аз онҳо ҳисобот талаб намекарданд, зеро ки онҳо аз рӯи виҷдон амал мекарданд.
8
Ва Ҳилқиёи саркоҳин ба Шофони котиб гуфт: «Китоби Тавротро дар хонаи Худованд ёфтаам». Ва Ҳилқиё он китобро ба Шофон дод, ва ӯ онро хонд.
9
Ва Шофони котиб назди подшоҳ омад, ва ба подшоҳ ҷавоб оварда, гуфт: «Бандагонат нуқраеро, ки дар хона буд, дар шумор оварданд, ва онро ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин шудаанд, супурданд».
10
Ва Шофони котиб ба подшоҳ хабар дода, гуфт: «Ҳилқиёи коҳин китобе ба ман дод». Ва Шофон онро пеши подшоҳ хонд.
11
Ва ҳангоме ки подшоҳ суханони китоби Тавротро шунид, либоси худро чок зад.
12
Ва подшоҳ ба Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ибни Шофон ва Акбӯр ибни Михоё ва Шофони котиб ва Асоёи навкари подшоҳ амр фармуда, гуфт:
13
«Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои қавм ва барои тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо ба суханони ин китоб гӯш надодаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар бораи мо навишта шудааст, амал намоянд».
14
Ва Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ва Акбӯр ва Шофон ва Асоё назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тиқво ибни Ҳарҳаси муҳофизи либосҳо, ки ӯ дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо ӯ гуфтугӯ карданд.
15
Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ба касе ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед:
16
Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи суханони китоберо, ки подшоҳи Яҳудо хондааст;
17
Азбаски онҳо Маро тарк карда, ба худоёни дигар бухур сӯзониданд, то ки Маро бо тамоми амали дастҳои худ ба хашм оваранд, ғазаби Ман бар ин макон аланга гирифтааст ва хомӯш нахоҳад шуд.“
18
Вале ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то ки аз Худованд илтиҷо намоед, чунин гӯед: „Худованд Худои Исроил дар бораи суханоне ки шунидаӣ, чунин мегӯяд:
19
Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунидани суханони Ман дар бораи ин макон ва сокинонаш, яъне дар бораи он ки онҳо мавриди харобӣ ва лаънат хоҳанд шуд, ту ба хузури Худованд гардан фуровардаӣ ва либоси худро чок зада, ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд.
20
Аз ин рӯ, инак, Ман туро ба падаронат ҳамроҳ хоҳам кард, ва ту дар мақбараи худ ба саломатӣ гузошта хоҳӣ шуд, ва тамоми он мусибатро, ки Ман бар ин макон меоварам, чашмони ту нахоҳад дид“». Ва ҷавобро ба подшоҳ расониданд.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25