bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Kings 25
2 Kings 25
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
1
Ва чунин воқеъ шуд, ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, дар соли нӯҳуми подшоҳии худ, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, бо тамоми лашкари худ ба Ерусалим наздик омада, дар рӯ ба рӯи он ӯрду зад, ва садди дидбонӣ гирдогирди он бино карданд.
2
Ва шаҳр то соли ёздаҳуми подшоҳ Сидқиёҳу дар ҳолати муҳосира буд.
3
Дар рӯзи нӯҳуми моҳ қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми мамлакат нон набуд.
4
Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи мардони ҷангӣ шабона аз роҳи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд; ва калдониён гирдогирди шаҳр буданд; ва подшоҳ бо роҳи даштрӯя равона шуд.
5
Ва қӯшуни калдониён подшоҳро таъқиб намуда, дар даштрӯяи Ериҳӯ ба ӯ расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.
6
Ва подшоҳро дастгир карданд, ва ӯро назди подшоҳи Бобил ба Рибло оварданд, ва бар ӯ доварӣ карданд.
7
Ва писарони Сидкиёҳуро дар пеши назари ӯ куштанд; ва чашмони Сидқиёҳуро кӯр карданд, ва ӯро занҷирбанд карда, ба Бобил бурданд.
8
Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳи панҷум, дар соли нуздаҳуми Набукаднесар, подшоҳи Бобил, Набузаръадон, сардори ҷаллодон, навкари подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад.
9
Ва ӯ хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим, ва ҳар хонаи бузургро бо оташ сӯзонид.
10
Ва тамоми қӯшуни калдониён, ки бо сардори ҷаллодон буданд, ҳисори гирдогирди Ерусалимро хароб карданд.
11
Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва таслимшудагонро, ки ба подшоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва бақияи оммаро Набузаръадон, сардори ҷаллодон, ба асирӣ бурд.
12
Вале аз миёни камбағалони мамлакат баъзеро сардори ҷаллодон ҳамчун токдорон ва зироаткорон боқӣ гузошт.
13
Ва сутунҳои мисинро, ки дар хонаи Худованд буд, ва пояҳо, ва ҳавзи мисинро, ки дар хонаи Худованд буд, калдониён шикастанд, ва миси онҳоро ба Бобил бурданд.
14
Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва оташгиракҳо, ва қошуқҳо, ва тамоми колои мисинро, ки бо онҳо хизмат мекарданд, онҳо гирифтанд.
15
Ва маҷмарҳо ва косаҳоро, — хоҳ аз тилло буд, хоҳ аз нуқра, — сардори ҷаллодон гирифт.
16
Ду сутун, як ҳавз, ва пояҳое ки Сулаймон барои хонаи Худованд сохта буд, — вазни миси тамоми ин коло маълум набуд.
17
Баландии як сутун ҳаждаҳ зироъ буд; ва тоҷи мисин бар он, ва баландии тоҷ се зироъ буд; ва шабака ва анорҳо гирдогирди тоҷ, — ҳамааш аз мис буд; ва мисли инҳо барои сутуни дуюм бар шабакаи он буд.
18
Ва сардори ҷаллодон Сароёи саркоҳин, ва Сафаньёи коҳини муовин, ва се нафар остонабононро гирифт.
19
Ва аз шаҳр як хоҷасароро, ки бар мардони ҷангӣ таъин шуда буд, ва панҷ шахсро аз онҳое ки чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар шаҳр ёфт шуданд, ва котиби сарлашкарро, ки қавми мамлакатро сафарбарӣ менамуд, ва шаст нафарро аз қавми мамлакат, ки дар шаҳр ёфт шуданд, гирифт.
20
Ва Набузаръадон, сардори ҷаллодон, онҳоро гирифта, назди подшоҳи Бобил ба Рибло бурд.
21
Ва подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, дар замини Ҳамот зарба зада, кушт. Ва аҳли Яҳудо аз замини худ ба асирӣ рафтанд.
22
Ва бар қавме ки дар замини Яҳудо боқӣ монда буданд, — бар онҳое ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, боқӣ гузошта буд, — вай Ҷадальёҳу ибни Аҳиқом ибни Шофонро таъин намуд.
23
Ва чун ҳамаи сардорони лашкар, — худашон ва одамонашон, — шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадальёҳуро таъин намудааст, онҳо назди Ҷадальёҳу ба Мисфо омаданд, яъне Исмоил ибни Натаньё, ва Йӯҳонон ибни Қореяҳ, ва Сароё ибни Танҳумати натуфотӣ, ва Еазнаёҳу ибни Маъкотӣ, — худашон ва одамонашон.
24
Ва Ҷадальёҳу ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда, гуфт: «Аз навкарони калдониён натарсед, дар замин сокин шуда, ба подшоҳи Бобил хизмат кунед, ва барои шумо хуб хоҳад шуд».
25
Ва дар моҳи ҳафтум чунин воқеъ шуд, ки Исмоил ибни Натаньё ибни Элишомаъ, ки аз насли подшоҳ буд, омад, ва даҳ нафар ҳамроҳонаш буданд, ва онҳо Ҷадальёҳуро зарба заданд, ва ӯ мурд; ва ҳамчунин яҳудиён ва калдониёнро, ки бо ӯ дар Мисфо буданд.
26
Ва тамоми қавм, аз хурд то калон, ва сардорони лашкар бархоста, ба Миср омаданд, зеро ки аз калдониён тарсиданд.
27
Ва дар соли сию ҳафтуми асирии Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳи дувоздаҳум, чунин воқеъ шуд, ки Эвил‐Мерӯдак, подшоҳи Бобил, дар соле ки подшоҳ шуд, Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудоро сарафроз намуда, аз зиндон берун овард;
28
Ва бо ӯ некхоҳона сухан ронд, ва тахти ӯро аз тахти подшоҳоне ки назди ӯ дар Бобил буданд, болотар гузошт.
29
Ва либоси зиндонии ӯро мубаддал намуд, ва ӯ ҳамеша, тамоми айёми ҳаёти худ, ба ҳузури вай хӯрок мехӯрд.
30
Ва нафақаи ӯ, нафақаи доимӣ, ба ӯ аз ҷониби подшоҳ рӯз ба рӯз, тамоми айёми ҳаёти ӯ дода мешуд.
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25