bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Kings 20
2 Kings 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 21 →
1
Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт“».
2
Ва ӯ рӯи худро ба девор гардонид, ва сӯи Худованд дуо хонда, гуфт:
3
«Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.
4
Ва чунин воқеъ шуд, ки Ишаъё ҳанӯз ба сахни миёна набаромада буд, ки каломи Худованд бар ӯ нузул карда, гуфт:
5
«Баргард ва ба Ҳизқиё, ки раиси қавми Ман аст, бигӯй: „Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман туро шифо хоҳам дод: баъд аз се рӯз ту ба хонаи Худованд дохил хоҳӣ шуд.
6
Ва Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям, ва туро, ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ба хотири Худам ва ба хотири бандаам Довуд ҳимоят хоҳам кард“».
7
Ва Ишаъё гуфт: «Қурсе аз анҷирқоқ бигиред». Ва гирифта, бар думбал гузоштанд, ва ӯ зинда монд.
8
Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Чист аломати он ки Худованд маро шифо хоҳад дод, ва ман баъд аз се рӯз ба хонаи Худованд дохил хоҳам шуд?»
9
Ва Ишаъё гуфт: «Аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст: оё соя даҳ зина пеш равад, ё даҳ зина қафо гардад?»
10
Ва Ҳизқиё гуфт: «Даҳ зина пеш рафтани соя осон аст; не, бигзор соя даҳ зина қафо гардад».
11
Ва Ишаъёи набӣ сӯи Худованд хонд, ва сояи зинаҳоро, ки бар зинаҳои Оҳоз фуромада буд, даҳ зина қафо гардонид.
12
Дар он замон Берӯдак ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки Ҳизқиё бемор шудааст.
13
Ва Ҳизқиё онҳоро шунид, ва тамоми хазинахонаи худро: нуқра ва тилло, ва атриёт, ва равғани аъло, ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; чизе набуд, ки Ҳизқиё дар хонаи худ ва дар тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон надода бошад.
14
Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил омадаанд».
15
Ӯ гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
16
Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худовандро бишнав:
17
„Инак, рӯзҳо меояд, ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ наҳохад монд, — мегӯяд Худованд, —
18
Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту онҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, ва онҳо дар қасри подшоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд“».
19
Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад».
20
Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва тамоми корнамоии ӯ, ва ҳавз ва корез канданаш, ва обро ба шаҳр оварданаш дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
21
Ва Ҳизқиё бо падарони худ хобид; ва писараш Менашше ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25