bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Kings 11
2 Kings 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 12 →
1
Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу, чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳро несту нобуд кард.
2
Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки хоҳари Аҳазьёҳу буд, Еҳӯош ибни Аҳазьёҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта шуданд, дуздида, ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурд, ва ӯро аз Атальё пинҳон карданд, ва ӯ кушта нашуд.
3
Ва ӯ бо вай дар хонаи Худованд шаш сол пинҳон буд, дар сурате ки Атальё бар мамлакат подшоҳӣ мекард.
4
Ва дар соли ҳафтум Еҳӯёдоъ фиристода, мирисадҳои каритиён ва шотиронро гирифт, ва онҳоро назди худ ба хонаи Худованд оварда, бо онҳо аҳд баст, ва онҳоро дар хонаи Худованд қасам дода, писари подшоҳро ба онҳо нишон дод.
5
Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ин аст коре ки шумо бояд ба ҷо оваред: сеяки шумо, яъне онҳое ки дар шанбе меоянд, назди хонаи подшоҳ посбонӣ хоҳед кард;
6
Ва сеяки шумо — назди дарвозаи Сур; ва сеяки шумо — назди дарвозаи шотирон; ва посбонии хонаро навбат ба навбат ба амал хоҳед овард.
7
Ва ду қисми шумо, яъне ҳамаи онҳое ки дар шанбе берун мераванд, назди хонаи Худованд аз барои подшоҳ посбонӣ хоҳед кард.
8
Ва подшоҳро аз ҳар тараф иҳота намоед, дар ҳолате ки ҳар якеро аслиҳааш дар дасташ бошад, ва ҳар касе ки аз миёни сафҳои шумо зада дарояд, бояд кушта шавад; ва ҳангоме ки подшоҳ берун меравад ва дохил мешавад, шумо назди ӯ хоҳед буд».
9
Ва мирисадҳо ҳар он чи Еҳӯёдои коҳин амр фармуд, ба ҷо оварданд, ва ҳар яке одамони худро, — ҳам онҳоеро, ки дар шанбе меоянд, ва ҳам онҳоеро, ки дар шанбе берун мераванд, — гирифта, назди Еҳӯёдои коҳин омаданд.
10
Ва коҳин найзаҳо ва сипарҳои подшоҳ Довудро, ки дар хонаи Худованд буд, ба мирисадҳо дод.
11
Ва шотирон, ҳар яке аслиҳааш дар дасташ, аз тарафи рости хона то тарафи чапи хона, назди қурбонгоҳ ва назди хона, гирдогирди подшоҳ истоданд.
12
Ва ӯ писари подшоҳро берун оварда, тоҷ ва шаҳодат бар ӯ гузошт, ва ӯро подшоҳ карда, тадҳин намуданд, ва қарсак зада, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»
13
Ва Атальё овози қавми давандаро шунида, назди қавм ба хонаи Худованд омад.
14
Ва дид, ки инак, подшоҳ, аз рӯи таомул, бар минбар истодааст, ва сарварон ва карнайҳо назди подшоҳ мебошанд, ва тамоми қавми мамлакат шодӣ мекунанд ва карнай менавозанд. Ва Атальё либосашро чок зада, дод гуфт: «Суиқасд! Суиқасд!»
15
Ва Еҳӯёдои коҳин ба мирисадҳо, ки сардорони қӯшун буданд, амр фармуд: «Варо ба миёни сафҳо берун оваред, ва ҳар касеро, ки аз ақиби вай биравад, бо шамшер бикушед!» Зеро коҳин гуфта буд, ки вай дар хонаи Худованд кушта нашавад.
16
Ва ба вай роҳ доданд, ва аз роҳе ки аспон ба хонаи подшоҳ дохил мешуданд, гузашта рафт, ва дар он ҷо кушта шуд.
17
Ва Еҳӯёдоъ дар миёни Худованд ва подшоҳ ва қавм аҳд баст, то ки қавми Худованд бошанд, ва ҳамчунин дар миёни подшоҳ ва қавм.
18
Ва тамоми қавми мамлакат ба хонаи Баал омада, онро хароб карданд, қурбонгоҳҳо ва бутҳояшро тамоман шикастанд, ва Маттонро, ки коҳини Баал буд, пеши қурбонгоҳҳо куштанд. Ва коҳин навбатдоронро бар хонаи Худованд таъин намуд.
19
Ва мирисадҳо, ва каритиён ва шотирон ва тамоми қавми мамлакатро гирифт, ва онҳо подшоҳро аз хонаи Худованд фурӯд оварданд, ва бо роҳи дарвозаи шотирон ба хонаи подшоҳ дохил шуданд; ва ӯ бар тахти подшоҳон биншаст.
20
Ва тамоми қавми мамлакат шодӣ карданд, ва шаҳр ором ёфт. Ва Атальёро дар хонаи подшоҳ бо шамшер куштанд.
21
Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯош ҳафтсола буд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25