bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Matthew 1
Matthew 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
1
Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.
2
Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард;
3
Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дуньё овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард;
4
Ва Ром Аминодобро ва дуньё овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард;
5
Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дуньё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дуньё овард; ва Убид Йисойро ба дуньё овард;
6
Ва Йисой подшоҳ Довудро ба дуньё овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Уриё ба дуньё овард;
7
Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дуньё овард; ва Абиё Осоро ба дуньё овард;
8
Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Узиёро ба дуньё овард;
9
Ва Узиё Ютомро ба дуньё овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дуньё овард;
10
Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дуньё овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньё овард; ва Омӯн Йӯшиёро ба дуньё овард;
11
Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард;
12
Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дуньё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард;
13
Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньё овард; ва Абиҳуд Эльёқимро ба дуньё овард; ва Эльёқим Озурро ба дуньё овард;
14
Ва Озур Содӯқро ба дуньё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дуньё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дуньё овард;
15
Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньё овард; ва Элъозор Маттонро ба дуньё овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньё овард;
16
Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньё овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.
17
Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.
18
Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.
19
Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам.
20
Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;
21
Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».
22
Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст:
23
«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».
24
Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард.
25
Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28