bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Matthew 20
Matthew 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
1
Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,
2
Ва бо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.
3
Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,
4
Ва ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“. Ва онҳо рафтанд.
5
Боз қариби соатҳои шашум ва нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард.
6
Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: „Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?“
7
Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.
8
Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: „Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ“.
9
Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.
10
Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;
11
Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,
12
Гуфтанд: „Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ“.
13
Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: „Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?
14
Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;
15
Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?“
16
Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо — охирин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».
17
Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
18
«Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;
19
Ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».
20
Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.
21
Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».
22
Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
23
Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯшид, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».
24
Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.
25
Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
26
Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.
27
Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
28
Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
29
Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.
30
Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
31
Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
32
Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
33
Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад».
34
Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28