bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Matthew 11
Matthew 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
1
Чун Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
2
Вақте ки Яҳьё дар зиндон аъмоли Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худ фиристод,
3
То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
4
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидед ва дидед, ба Яҳьё бигӯед:
5
Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;
6
Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
7
Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани нае ки аз бод меларзад?
8
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
9
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.
10
Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: „Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.
11
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
12
Ва аз айёми Яҳьёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд;
13
Зеро ки тамоми анбиё ва Таврот то вақти зуҳури Яҳьё пешгӯӣ кардаанд.
14
Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Ильёс аст, ки бояд биёяд.
15
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
16
Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
17
Мегӯянд: „Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед“.
18
Зеро ки Яҳьё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: „Дев дорад“.
19
Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: „Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
20
Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.
21
«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
22
Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд.
23
Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъҷизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд;
24
Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад буд».
25
Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.
26
Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.
27
Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
28
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
29
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
30
Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28