bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Matthew 28
Matthew 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
1
Баъд аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар барои дидани қабр омаданд.
2
Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он биншаст;
3
Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.
4
Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд.
5
Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед;
6
Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳьё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед,
7
Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам».
8
Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд.
9
Вақте ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.
10
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид».
11
Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.
12
Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисьёре доданд
13
Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд;
14
Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем».
15
Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.
16
Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд,
17
Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.
18
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст:
19
Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,
20
Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28