bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Matthew 16
Matthew 16
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
1
Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.
2
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: „Ҳаво хуб хоҳад шуд, чунки осмон сурх аст“;
3
Бомдодон мегӯед: „Имрӯз ҳаво бад хоҳад шуд, чунки осмон арғувонӣ ва гирифта мебошад“. Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломоти замонҳоро наметавонед?
4
Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.
5
Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карданд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.
6
Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».
7
Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».
8
Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?
9
Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
10
Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
11
Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?»
12
Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.
13
Вақте ки Исо ба музофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»
14
Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ».
15
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»
16
Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».
17
Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.
18
Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;
19
Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд».
20
Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.
21
Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисьёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳьё шавад.
22
Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод!»
23
Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
24
Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
25
Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад;
26
Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
27
Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.
28
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28