bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Revelation 10
Revelation 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
1
Ва фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;
2
Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,
3
Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд.
4
Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегӯяд: «Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис».
5
Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сӯи осмон бардошт,
6
Ва ба Ӯ, — ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,
7
Балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом ҳоҳад ёфт, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ — анбиё башорат додааст.
8
Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир».
9
Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам: «Китобро ба ман деҳ». Гуфт: «Онро бигир ва бихӯр; он дар шикамат талҳ ҳоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин ҳоҳад буд».
10
Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, ҳӯрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро ҳӯрдам, шикамам талҳ шуд.
11
Ва ба ман гуфт: «Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ».
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22