bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Revelation 4
Revelation 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 5 →
1
Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт: «Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд, ба ту нишон диҳам».
2
Ва дарҳол ман дар Рӯҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд;
3
Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.
4
Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд.
5
Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд.
6
Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булӯр; ва дар миёнаи тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд.
7
Ва ҳайвони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гӯсола, ва ҳайвони сеюм қиёфае мисли одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад.
8
Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рӯз ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, куддус аст, куддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва ҳоҳад омад».
9
Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд, —
10
Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои ҳудро пеши таҳт гузошта, мегӯянд:
11
«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22