bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Revelation 9
Revelation 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 10 →
1
Фариштаи панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст:
2
Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танӯри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.
3
Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он қудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд.
4
Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии шуд мӯҳри Худоро надоранд.
5
Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад.
6
Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.
7
Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гӯё ки тоҷҳои тиллое буд, ва рухсорҳошон мисли рухсорҳои одамон;
8
Ва мӯйҳошон мисли мӯйҳои занон, ва дандонҳошон мисли дандонҳои шер;
9
Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақар‐тақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд;
10
Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон — нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.
11
Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст.
12
Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.
13
Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,
14
Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо».
15
Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли муайян тайёр шуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд.
16
Шумораи қӯшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам.
17
Ба ҳамин тариқа ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёқути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.
18
Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд;
19
Зеро ки қудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасонданд.
20
Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.
21
Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22