bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Revelation 20
Revelation 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 21 →
1
Ва фариштае дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд.
2
Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд,
3
Ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.
4
Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;
5
Вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад. Ин эҳьёи якум аст.
6
Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд.
7
Ва ҳангоме ки ҳазор сол анҷом ёбад, шайтон аз зиндони худ озод хоҳад шуд,
8
Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.
9
Ва ба арзи замин баромаданд ва қароргоҳи муқаддасон ва шаҳри маҳбубро иҳота карданд. Ва аз осмон аз ҷониби Худо оташ фуромада, онҳоро хӯрд;
10
Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.
11
Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.
12
Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд.
13
Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқи аъмолаш доварӣ карда шуд.
14
Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд. Ин мамоти дуюм аст.
15
Ва ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, дар кӯли оташ андохта шуд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22