bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Revelation 6
Revelation 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 7 →
1
Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро бардошт, ва шунидам, ки яке аз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегӯяд: «Биё ва бубин».
2
Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он — саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад.
3
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».
4
Ва аспи дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.
5
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад.
6
Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегӯяд: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон».
7
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».
8
Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он — саворе ки номаш мамот аст; ва дӯзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтӣ, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин одамонро бикушад.
9
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панҷумро бардошт, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам.
10
Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»
11
Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.
12
Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқӯъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт;
13
Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд;
14
Ва осмон мисли тӯморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;
15
Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд,
16
Ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд: «Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;
17
Зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд?»
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22