bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Zechariah 11
Zechariah 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 12 →
1
Дарҳои худро, эй Лубнон, воз кун, то ки оташ арзҳои туро фурӯ барад.
2
Вовайло намо, эй сарв, зеро ки арз фурӯ ғалтидааст, зеро ки дарахтони боҳашамат валангор гардидааст; вовайло кунед, эй булутҳои Бошон, зеро ки ҷангалистони анбӯҳ ба залолат афтодааст.
3
Садои вовайлои чӯпонон ба гӯш мерасад, зеро ки шавкаташон валангор шудааст; садои наъраи шерони ҷавон мебарояд, зеро кибриёи Урдун валангор гардидааст.
4
Худованд Худои ман чунин мегӯяд: «Гӯсфандони забҳро бичарон,
5
Ки онҳоро харидоронашон мекушанд, ва айбдор дониста намешаванд; ва фурӯшандагонашон мегӯянд: „Муборак аст Худованд, ва ман сарватдор хоҳам шуд“; ва чӯпононашон ба онҳо раҳм намекунанд.
6
Зеро ки Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм нахоҳам кард, мегӯяд Худованд; ва инак, Ман одамонро ба дасти якдигар ва ба дасти подшоҳашон таслим хоҳам намуд, ва онҳо заминро торумор хоҳанд кард, ва Ман аз дасташон халосӣ нахоҳам дод».
7
Ва ман гӯсфандони забҳро барои гӯсфандҷаллобон чаронидам; ва ду асо барои худ гирифтам, ки якеро неъмат номидам ва дигареро ваҳдат номидам, ва гӯсфандонро чаронидам.
8
Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт;
9
Ва гуфтам: «Шуморо нахоҳам чаронид; он ки мурданист, бигзор бимирад, он ки гум шуданист, бигзор гум бишавад, ва боқимондагон бигзор гӯшти якдигарро бихӯранд».
10
Ва ман асои худ — неъматро гирифта, шикастам, то аҳдеро, ки бо ҳамаи қавмҳо баста будам, ботил намоям.
11
Ва он дар он рӯз ботил гардид, ва гӯсфандҷаллобон, ки ба ман менигаристанд, донистанд, ки ин каломи Худованд аст.
12
Ва ман ба онҳо гуфтам: «Агар ин дар назари шумо писанд ояд, музди маро бидиҳед, вагар на — надиҳед»; ва онҳо музди маро ба қадри сӣ сиқли нуқра баркашиданд.
13
Ва Худованд ба ман гуфт: «Онро барои кулолгар биандоз, он қимати гаронро, ки аз ҷониби онҳо баҳо дода шудаӣ». Ва ман сӣ сиқли нуқраро гирифта, дар хонаи Худованд барои кулолгар андохтам.
14
Ва асои дуюми худ — ваҳдатро шикастам, то ки бародарии байни Яҳудо ва Исроилро ботил намоям.
15
Ва Худованд ба ман гуфт: «Боз асбоби чӯпони аҳмақеро барои худ бигир.
16
Зеро инак, Ман чӯпонеро дар ин замин хоҳам гузошт, ки даридашудагонро ба ёд нахоҳад овард, гумшудагонро ҷустуҷӯ нахоҳад кард ва маҷрӯҳонро муолиҷа нахоҳад намуд, ба по бархостагонро хӯрок нахоҳад дод, вале гӯшти фарбеҳонро хоҳад хӯрд, ва сумҳои онҳоро хоҳад шикаст.
17
Вой ба ҳоли чӯпони нобакор, ки гӯсфандонро тарк мекунад! Шамшер бар бозуяш ва бар чашми росташ зарба хоҳад зад; бозуяш тамоман хушк хоҳад шуд, ва чашми росташ тамоман хира хоҳад гардид».
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14