bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Zechariah 4
Zechariah 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 5 →
1
Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, баргашт, ва маро бедор кард, мисли касе ки аз хобаш бедор мешавад.
2
Ва ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Мебинам, инак чароғдоне ки сар то сараш аз тиллост, ва равғандонаш бар сараш, ва ҳафт чароғаш бар он аст, ва ҳар чароғ, ки бар сараш мебошад, ҳафт нойча дорад.
3
Ва ду дарахти зайтун назди он аст, — яке аз тарафи рости равғандон ва дигаре аз тарафи чапаш».
4
Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, ҷавоб гардонда, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?»
5
Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».
6
Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
7
Ту чистӣ, эй кӯҳи бузург? Ба ҳузури Зарубобил ту ҳамворие ҳастӣ, ва ӯ санги сари онро берун хоҳад овард, дар сурате ки нидоҳои хурсандӣ шунида хоҳад шуд: „Шукӯҳу шавкат бар он бод!“»
8
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
9
«Дастҳои Зарубобил буньёди ин хонаро ниҳодааст, ва дастҳои ӯ онро анҷом хоҳад дод, ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст.
10
Зеро касе ки он рӯзи корҳои майдаро писанд накарда буд, алҳол шоқулро дар дасти Зарубобил дида, шод хоҳад шуд; ин ҳафт — чашмони Худованд ҳастанд, ки тамоми заминро бо нигоҳи худ фаро мегиранд».
11
Ва ман савол дода, ба ӯ гуфтам: «Ин ду дарахти зайтун, ки ба тарафи рости чароғдон ва ба тарафи чапи он мебошад, чист?»
12
Ва бори дуюм савол дода, ба ӯ гуфтам: «Он ду шохаи зайтун, ки назди ду нойчаи тилло моеи тиллоранге аз даруни худ мерезад, чист?»
13
Ва ӯ ба ман гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».
14
Ва ӯ гуфт: «Ин ду — таъминкунандагони равғани зайтун ҳастанд, ки ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон истодаанд».
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14