bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Zechariah 13
Zechariah 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 14 →
1
Дар он рӯз барои хонадони Довуд ва сокинони Ерусалим чашмае аз баҳри шустани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд.
2
Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки Ман номҳои бутҳоро аз рӯи замин маҳв хоҳам намуд, ва онҳоро дигар ба ёд нахоҳанд овард; ва анбиёи дорои рӯҳи палидро низ аз замин нест хоҳам кард.
3
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун касе боз нубувват намояд, падар ва модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, ба ӯ хоҳанд гуфт: „Ту нахоҳӣ зист, зеро ки ба исми Худованд дурӯғ гуфтӣ“; ва падару модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, дар вақти нубувват карданаш ӯро теғ хоҳанд зад.
4
Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки он анбиё ҳар яке аз рӯъёи худ, дар вақти нубувват кардани худ, хиҷил хоҳанд шуд, ва ридои пашмин аз барои фиреб додан нахоҳанд пӯшид.
5
Ва ҳар яке хоҳад гуфт: „Ман набӣ нестам, балки шахсе ҳастам, ки заминро кор мекунам, зеро ки замин аз наврасиам насибаи ман аст“.
6
Ва ба ӯ хоҳанд гуфт: „Ин доғҳои захм, ки дар миёни бозуҳои туст, чист?“ Ва ӯ ҷавоб хоҳад дод: „Инҳо захмҳоест, ки дар хонаи дӯстдоронам хӯрдаам“».
7
«Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез, мегӯяд Худованди лашкарҳо; Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд, ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.
8
Ва дар тамоми замин чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ду ҳиссаи он несту нобуд хоҳанд гардид, ва ҳиссаи сеюмаш дар он боқӣ хоҳад монд.
9
Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14