bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Zechariah 3
Zechariah 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 4 →
1
Ва Еҳушаи саркоҳинро ба ман нишон дод, ки ба ҳузури фариштаи Худованд истода буд, ва шайтон ба тарафи рости ӯ меистод, то ки ӯро айбдор кунад.
2
Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Худованд ба ту, эй шайтон, итоб менамояд, ва Худованд, ки Ерусалимро баргузидааст, ба ту итоб менамояд; ин, охир, кундаи нимсӯхтаест, ки аз оташ раҳонида шудааст».
3
Ва Еҳушаъ либоси ифлос дар тан дошт, ва ба ҳузури фаришта меистод,
4
Ки вай ба онҳое ки ба ҳузураш истода буданд, сухан ронда, гуфт: «Либоси ифлосро аз тани ӯ дур кунед». Ва ба ӯ гуфт: «Бубин, гуноҳатро аз ту дур кардам, ва туро либоси фохира пӯшонидам».
5
Ва ман гуфтам: «Бигзор аммомаи тозае бар сараш бимонанд», — ва аммомаи тозае бар сараш гузоштанд, ва ӯро либос пӯшониданд, дар сурате ки фариштаи Худованд меистод.
6
Ва фариштаи Худованд Еҳушаъро таъкид намуда, гуфт:
7
«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: агар бо роҳҳои Ман биравӣ, ва агар хизмати Маро ба ҷо оварӣ, ту низ дар хонаи Ман сардорӣ хоҳӣ намуд, ва саҳнҳои Маро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард, ва Ман туро дар миёни инҳое ки меистанд, роҳ хоҳам дод.
8
Пас бишнав, эй Еҳушаи саркоҳин, ту ва ёронат, ки ба ҳузури ту нишастаанд, зеро ки онҳо мардони хуҷаста ҳастанд: инак, Ман бандаи Худ — Навдаро хоҳам овард.
9
Зеро инак, он санге ки Ман ба ҳузури Еҳушаъ мегузорам; ба як санг бо ҳафт чашм менигарам; инак, Ман нақше бар он ҳак менамоям, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва гуноҳи ин заминро дар як рӯз дур мекунам.
10
Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, якдигарро зери ток ва зери дарахти анҷир даъват хоҳед намуд».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14