bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Zechariah 9
Zechariah 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 10 →
1
Ваҳйи каломи Худованд, ки он дар замини Ҳадрох ва дар Димишқ қарор хоҳад гирифт, зеро ки чашми Худованд бар одамизод ва бар ҳамаи сибтҳои Исроил аст;
2
Ва дар Ҳамот низ, ки ҳамҳудуди вай аст, ва дар Сӯр ва Сидӯн, ки бағоят айёр мебошанд.
3
Ва Сӯр барои худ қалъае сохтааст, ва нуқраро ба сони ғубор, ва тиллоро ба сони лои кӯчаҳо андӯхтааст.
4
Инак Худованд онро бенаво хоҳад сохт, ва дороии онро дар баҳр талаф хоҳад кард, ва худи он бо оташ фурӯ бурда хоҳад шуд.
5
Ашқалӯн инро дида, ба даҳшат хоҳад афтод, ва Ғазза бисьёр ба ларза хоҳад омад, ва Эқрӯн низ, зеро ки аз умедаш хиҷил хоҳад шуд; ва подшоҳ аз Ғазза нест хоҳад гардид, ва Ашқалӯн ғайримаскун хоҳад шуд.
6
Ва аҷнабӣ дар Ашдӯд маскан хоҳад гирифт, ва Ман кибри фалиштиёнро маҳв хоҳам намуд;
7
Ва хунҳояшро аз даҳонаш дур хоҳам кард, ва қабоҳатҳояшро аз миёни дандонҳояш; ва ӯ низ барои Худои мо боқӣ хоҳад монд, ва мисли мире дар Яҳудо хоҳад буд, ва сокини Эқрӯн монанди ябусӣ хоҳад шуд.
8
Ва Ман гирдогирди хонаи Худ ба муқобили қӯшуни ғайр, ба муқобили онҳое ки ин сӯ — он сӯ рафтуой доранд, ӯрду хоҳам зад, ва дигар бар онҳо ғосибе гузар нахоҳад кард, зеро ки алҳол инро бо чашмони Худ дидаам.
9
Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.
10
Ва Ман аробаҳоро аз Эфроим, ва аспонро аз Ерусалим маҳв хоҳам кард, ва камони ҷангӣ барҳам хоҳад хӯрд, ва Ӯ бо халқҳо аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд, ва салтанаташ аз баҳр то баҳр ва аз наҳр то ақсои замин хоҳад буд.
11
Дар хусуси ту бошад, ба хотири хуни аҳди ту Ман асирони туро аз чоҳе ки дар он об нест, озод мекунам.
12
Ба истеҳком баргардед, эй асирони умедвор! Имрӯз низ эълон менамоям: дучандон ба ту талофӣ хоҳам дод.
13
Зеро ки Яҳудоро барои Худ ҳамчун камон хоҳам кашид, ва онро бо тири Эфроим пур хоҳам кард, ва писарони туро, эй Сион, ба муқобили писарони ту, эй Юнон, хоҳам барангехт, ва туро мисли шамшери баҳодур хоҳам гардонид.
14
Ва Худованд бар онҳо зоҳир хоҳад шуд, ва тири Ӯ мисли барқ берун хоҳад омад; ва Худованд Худо шох навохта, дар тундбодҳои ҷанубӣ тохтутоз хоҳад кард.
15
Худованди лашкарҳо онҳоро муҳофизат хоҳад намуд, ва онҳо сангҳои фалохмонро маҳв ва поймол хоҳанд кард, ва нӯшида, мисли шаробнӯшидагон ғавғо хоҳанд бардошт, ва мисли тос, мисли гӯшаҳои қурбонгоҳ пур хоҳанд шуд.
16
Ва Худованд Худои онҳо дар он рӯз онҳоро наҷот хоҳад дод, қавми Худро мисли гӯсфандон хоҳад чаронид, — мисли ҷавоҳироти тоҷ, ки бар замини Ӯ медурахшад.
17
Зеро чӣ гуна азим аст ҳусни ӯ ва зебоии ӯ! Гандум ба ҷавонписарон ва шираи ангур ба ҷавондухтарон нашъунамо хоҳад бахшид.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14