bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 John 1
1 John 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
1
Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони худ дидаем ва ба он нигаристаем, ва онро даст-даст кардаем, дар бораи Каломи ҳаёт, —
2
ва ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти абадие хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, —
3
дар бораи он чи дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; ва мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.
4
Ва инро ба шумо менависем, то шодии мо комил бошад.
5
Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ торикие нест.
6
Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар торикӣ гардем, мо дурӯғ мегӯем ва аз рӯи ростӣ амал намекунем;
7
аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.
8
Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.
9
Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ бовафо ва росткор аст, ки гуноҳҳои моро бахшад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
10
Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5