bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 John 3
1 John 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
1
Бинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то мо фарзандони Худо номида шавем. Ҷаҳон шуморо аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохт.
2
Эй азизон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, ва ҳанӯз маълум нашудааст он чи мешавем. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки ҳангоми зоҳир шуданаш монанди Ӯ мешавем, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, мебинем.
3
Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.
4
Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.
5
Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.
6
Ҳар кӣ дар Ӯ монад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст.
7
Эй фарзандон! Бигзор ҳеҷ кас шуморо гумроҳ накунад. Касе ки ростиро ба амал меоварад, росткор аст, чунон ки Ӯ росткор аст.
8
Касе ки гуноҳ мекунад, аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ мекунад. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки корҳои иблисро вайрон кунад.
9
Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки тухми Ӯ дар вай мемонад; вай гуноҳ карда наметавонад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.
10
Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ ростиро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.
11
Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем,
12
на ҳамчун Қобил, ки аз шарир буд ва бародари худро кушт. Ва чаро вайро кушт? Аз барои он ки корҳои худаш бад буданд, вале корҳои бародараш — росткорона.
13
Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.
14
Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем. Касе ки бародарашро дӯст намедорад, дар марг сокин аст.
15
Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, одамкуш аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадие надорад, ки дар вай сокин бошад.
16
Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
17
Ва агар касе ки моли дунё дорад ва бародари худро мӯҳтоҷ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ дорад, — чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?
18
Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст дорем.
19
Ва аз ин медонем, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро дар ҳузури Ӯ ором мекунем,
20
дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
21
Эй азизон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо назди Худо ҷуръат дорем,
22
ва ҳар чи хоҳиш кунем, аз Ӯ меёбем, чунки фармудаҳои Ӯро риоя мекунем ва он чи пеши Ӯ писандида аст, ба амал меоварем.
23
Ва фармудаи Ӯ ин аст, ки мо ба номи Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ фармудааст.
24
Ва касе ки фармудаҳои Ӯро нигоҳ медорад, дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва аз ин медонем, ки Ӯ дар мо сокин аст, яъне аз он Рӯҳе ки Ӯ ба мо додааст.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
Recommended Reading
Commentary
1 John Commentaries
→
Devotional
1 John Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→