bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 John 5
1 John 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
1
Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дӯст медорад, аз Ӯ таваллудшударо низ дӯст медорад.
2
Аз ин медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, агар Худоро дӯст дорем ва фармудаҳои Ӯро риоя кунем.
3
Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо фармудаҳои Ӯро риоя кунем; ва фармудаҳои Ӯ вазнин нестанд,
4
зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, бар ҷаҳон ғолиб мешавад; ва ин ғалабае ки бар ҷаҳон ғолиб шудааст, имони мост.
5
Кист, ки бар ҷаҳон ғолиб мешавад, ғайр аз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?
6
Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.
7
Зеро се ҳастанд, ки шаҳодат медиҳанд:
8
Рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.
9
Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.
10
Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон наовардааст.
11
Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти абадӣ додааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.
12
Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
13
Ба шумо, ки ба номи Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки ҳаёти абадӣ доред, ва то дар имон ба Писари Худо монед.
14
Ва ҷуръате ки мо назди Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи хости Ӯ чизеро хоҳиш кунем, Ӯ моро мешунавад;
15
ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар он чи хоҳиш кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ хоҳиш кардаем, меёбем.
16
Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш марг нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо ӯро зиндагӣ мебахшад, дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон марг нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг аст; дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.
17
Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг нест.
18
Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки касе ки аз Худо таваллуд ёфт, худро нигоҳ медорад, ва шарир ба вай даст намерасонад.
19
Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери фармони шарир аст.
20
Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то Ҳақро шиносем, ва мо дар Ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ мебошад.
21
Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
All chapters:
1
2
3
4
5