bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 John 2
1 John 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
1
Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо назди Падар Шафоатгаре дорем, яъне Исои Масеҳи Росткор.
2
Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.
3
Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, агар фармудаҳои Ӯро риоя кунем.
4
Касе ки гӯяд: “Ман Ӯро мешиносам”, аммо фармудаҳои Ӯро риоя накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест.
5
Валекин касе ки каломи Ӯро риоя мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.
6
Касе гӯяд, ки дар Ӯ мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.
7
Эй бародарон! Ба шумо фармудаи наве наменависам, балки фармудаи қадимие ки шумо аз ибтидо доштед; фармудаи қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.
8
Лекин дар айни ҳол ба шумо фармудаи наве менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки торикӣ гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.
9
Ҳар кӣ гӯяд, ки дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, ҳанӯз дар торикист.
10
Касе ки бародари худро дӯст медорад, дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.
11
Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, дар торикист, ва дар торикӣ мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр кардааст. Ҷаҳон ва зиддимасеҳон
12
Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири номи Ӯ бахшида шудаанд.
13
Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки бар шарир ғолиб шудаед.
14
Ба шумо, эй бачаҳо, менависам, чунки Падарро шинохтаед. Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва бар шарир ғолиб шудаед.
15
Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст. Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;
16
зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: ҳаваси ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ аз Падар нест, балки аз ҷаҳон аст.
17
Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки хости Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
18
Эй бачаҳо! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд, аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст.
19
Онҳо аз мо берун рафтанд, аммо аз мо набуданд; зеро, агар аз мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин берун рафтанд, то маълум шавад, ки ҳеҷ кадоми онҳо аз мо нестанд.
20
Валекин шумо аз ҷониби Қуддус масҳ ёфтаед ва ҳама чизро медонед.
21
Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест.
22
Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.
23
Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад.
24
Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо монад. Агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо монад, шумо низ дар Писар ва дар Падар мемонед.
25
Ва ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти абадист.
26
Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.
27
Валекин масҳе ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо чунон ки он масҳ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавре ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ мемонед.
28
Пас, эй фарзандон, дар Ӯ монед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва пеши Ӯ дар вақти омадани Ӯ шарманда нашавем.
29
Агар донистаед, ки Ӯ росткор аст, пас донед, ки ҳар кӣ ростиро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
Recommended Reading
Commentary
1 John Commentaries
→
Devotional
1 John Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→