bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 John 4
1 John 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Эй азизон! Ба ҳар рӯҳ бовар накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисёр пайғамбарони дурӯғин ба сар то сари дунё рафтаанд.
2
Рӯҳи Худо бо ин шинохта мешавад: ҳар рӯҳе ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф кунад, аз Худост;
3
ва ҳар рӯҳе ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф накунад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.
4
Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва бар онҳо ғолиб шудаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.
5
Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дунёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон ба онҳо гӯш мекунад.
6
Мо аз Худо ҳастем; ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи гумроҳиро мешиносем.
7
Эй азизон! Якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.
8
Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.
9
Муҳаббати Худо ба мо дар он ошкор шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем.
10
Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.
11
Эй азизон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст дорем.
12
Худоро ҳаргиз касе надидааст; агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ӯ дар мо комил шудааст.
13
Мо медонем, ки дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, зеро Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо додааст.
14
Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.
15
Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар Худо.
16
Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, дар Худо сокин аст ва Худо дар вай.
17
Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро чунон ки Ӯ ҳаст, ончунон мо низ дар ин ҷаҳон ҳастем.
18
Дар муҳаббат тарсе нест, балки муҳаббати комил тарсро бадар меронад, чунки тарс азоб дорад; ва касе ки метарсад, дар муҳаббат комил нест.
19
Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.
20
Агар касе гӯяд “ман Худоро дӯст медорам”, вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад?
21
Ва мо аз Ӯ чунин фармудае дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст дорад.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
Recommended Reading
Commentary
1 John Commentaries
→
Devotional
1 John Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→