bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Peter 1
1 Peter 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
1
Петрус, расули Исои Масеҳ, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадокия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд
2
ва мувофиқи пешдонии Худои Падар, бо муқаддасгардонии Рӯҳ, барои итоат ва пошидани хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: файз ва осоиш бар шумо фаровон бод.
3
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба воситаи растохези Исои Масеҳ аз мурдагон, моро таваллуди наве бахшид барои умеди зинда,
4
барои мероси нобуднашаванда, беолоиш ва нопажмурданӣ, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
5
ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки омода шудааст, то дар замони охир ошкор шавад.
6
Дар ин бора шодӣ мекунед, ҳарчанд акнун, агар даркор шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.
7
Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди дар оташ озмуда шуданаш нобудшаванда мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ситоиш ва иззат ва ҷалол ҳангоми зоҳир шудани Исои Масеҳ пок ба миён меояд.
8
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон доред ва бо шодмонии васфнопазир ва пурҷалол шодӣ мекунед,
9
чунки ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон мерасед.
10
Тафтишот ва тадқиқоти пайғамбарон ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумост, пешгӯӣ кардаанд.
11
Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳ, ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, ҳангоме ки Он аз азобҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки пас аз он фаро мерасад, пешакӣ шаҳодат медод.
12
Ба онҳо ошкор шуд, ки на ба худ, балки ба шумо хизмат кардаанд бо он чи акнун аз он хабар ёфтаед ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи фариштаҳо мехоҳанд андарунаш назар андозанд.
13
Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушёр шуда, ба файзе ки ҳангоми зоҳир шудани Исои Масеҳ ба шумо бахшида мешавад, комилан умедвор бошед.
14
Ҳамчун бачаҳои фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,
15
балки, чунон ки даъваткунандаи шумо қуддус аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
16
зеро навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман қуддус ҳастам”.
17
Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи амалаш доварӣ мекунад, пас замони ғарибии худро бо худотарсӣ гузаронед,
18
зеро медонед, ки шумо на бо чизҳои нобудшаванда чун нуқра ё тилло бозхарида шудаед аз зиндагии ҳеҷу пуч, ки аз падарони худ мерос гирифтаед,
19
балки бо хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва бенуқс,
20
ки пеш аз бунёдшавии ҷаҳон пешбинӣ шуда буд, лекин дар замонҳои охир барои шумо зоҳир шудааст,
21
ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардаед, ки Масеҳро аз мурдагон бархезонд ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
22
Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бе дурӯягӣ пок кардаед, доимо якдигарро аз таҳти дил дӯст доред,
23
ҳамчун касоне ки аз нав зода шудаед на аз тухми нобудшаванда, балки аз тухми нобуднашаванда, ба воситаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.
24
Зеро “Ҳар ҷисм чун алаф аст, Ва ҳар ҷалоли одамӣ чун гули алаф; Алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;
25
Аммо каломи Худованд то абад боқист”. Ва ин аст каломе ки ба шумо башорат дода шудааст.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5