bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Peter 4
1 Peter 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Пас, чун Масеҳ барои мо дар ҷисм азоб кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки дар ҷисм азоб кашад, аз гуноҳ рӯ мегардонад,
2
то ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи хости Худо ба сар барад.
3
Зеро мо дар умри гузашта ба андозаи кофӣ мувофиқи хости халқҳо рафтор кардаем, ба бадахлоқӣ, ҳавасҳо, мастигарӣ, айшу нӯш ва бутпарастии зишт дода шудаем.
4
Ба ҳамин сабаб онҳо ҳайрон мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон бадахлоқӣ иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;
5
онҳо ба Оне ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисобот медиҳанд.
6
Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то онҳо дар ҷисм мувофиқи одамизод ба доварӣ дучор гарданд, вале дар рӯҳ мувофиқи Худо зиндагӣ кунанд.
7
Аммо поёни ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр бошед.
8
Ва пеш аз ҳама ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.
9
Якдигарро бе шикоят меҳмоннавозӣ кунед.
10
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи атое ки ёфтаед, ҳамчун коргузорони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
11
Касе агар сухан гӯяд, ҳамчун суханони Худо гӯяд; касе агар хизмат кунад, мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва қудрат то абад бод. Омин.
12
Эй азизон! Аз оташе ки барои имтиҳони шумо дар миёнатон аст, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,
13
балки аз ин ки шумо дар азобҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то дар вақти зоҳир шудани ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд омада, хурсандӣ кунед.
14
Агар дар ҳаққи шумо ба хотири номи Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад; онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
15
Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун одамкуш, ё дузд, ё бадкирдор, ё дахолаткунанда дар кори дигарон азоб накашад.
16
Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ азоб кашад, шарм надорад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
17
Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас оқибати онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна мешавад?
18
Ва агар росткор базӯр наҷот меёфта бошад, пас худонотарс ва гуноҳкор чӣ мекунад?
19
Пас, онҳое ки аз рӯи хости Худо азоб мекашанд, ҷонҳои худро ба Офаридгори бовафо супоранд ва некӣ кунанд.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5