bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Peter 3
1 Peter 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
1
Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, то ки, агар баъзе аз онҳо ба калом итоат накунанд, ба воситаи рафтори занон бе калом ҷалб шаванд,
2
вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.
3
Зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: мӯй бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан,
4
балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи мулоиму ороми нобуднашаванда бошад, ки ин пеши Худо гаронбаҳост.
5
Зеро як вақте занони муқаддас низ, ки ба Худо умед доштанд, худро ҳамин гуна оро медоданд ва ба шавҳарони худ фармонбардор буданд,
6
ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро хоҷа меномид. Шумо фарзандони вай шудаед, агар некӣ кунед ва аз ҳеҷ хавфе натарсед.
7
Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, дар зиндагӣ бо занон, ки зарфи сусттар ҳастанд, бомулоҳиза бошед, ва онҳоро муҳтарам доред, чунки бо шумо ворисони файзи ҳаёт мебошанд, то дуоҳои шумо боздошта нашаванд.
8
Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз ва меҳрубон бошед;
9
дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази дашном дашном надиҳед; баръакс, баракат хоҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват шудаед, ки вориси баракат гардед.
10
Зеро “Касе ки ҳаётро дӯст медорад Ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, Бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад Ва лабҳояшро аз гуфтори фиребанда,
11
Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, Осоишро ҷӯяд ва дар пайи он бошад,
12
Чунки чашмони Худованд бар росткоронанд, Ва гӯшҳои Ӯ — ба сӯи дуои онҳо, Аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст”.
13
Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар дар пайи некӯкорӣ бошед?
14
Лекин ҳатто агар барои росткорӣ азоб кашед, хушо шумо. “Аз он чи онҳо метарсанд, натарсед ва бим надошта бошед,
15
балки Худованд Худоро дар дили худ муқаддас гардонед”; ва ҳамеша тайёр бошед ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи сабаби умедатон пурсад, бо ҳалимӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед.
16
Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ таҳқир мекунанд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд.
17
Зеро, агар хости Худо бошад, барои корҳои нек азоб кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои корҳои бад азоб кашад.
18
Чунки Масеҳ низ, барои он ки шуморо сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳо азоб кашид, яъне росткор барои бадкорон дар ҷисм кушта шуд, аммо ба воситаи Рӯҳ зинда гардид.
19
Дар ҳамон Рӯҳ Ӯ рафта, ба рӯҳҳо, ки дар зиндонанд, мавъиза намуда буд.
20
Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо дар айёми Нӯҳ пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ сохта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.
21
Ва тимсоли он таъмид аст, ки на дур кардани нопокии ҷисм, балки шаҳодати виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки акнун моро низ ба воситаи растохези Исои Масеҳ наҷот медиҳад,
22
ки Ӯ ба осмон рафта, аз дасти рости Худо /нишастааст/ ва фариштаҳо, қудратҳову қувваҳо фармонбардори Ӯ шудаанд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5