bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Peter 5
1 Peter 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
1
Ман, ки низ пир ва шоҳиди азобҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле мешавам, ки бояд зоҳир шавад, аз пирони шумо хоҳишмандам:
2
рамаи Худоро, ки назди шумост, чӯпонӣ ва нигаҳбонӣ кунед, на маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ, ва на аз барои фоидаи нангин, балки аз сидқи дил,
3
ва на ҳамчун касоне ки бар насиби худ ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат бошед;
4
ва ҳангоме ки Сарчӯпон зоҳир мешавад, тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, меёбед.
5
Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон фармонбардор бошед; ва ҳамаатон, ба якдигар фармонбардор буда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки “Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад”.
6
Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;
7
ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор кунед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.
8
Ҳушёр ва бедор бошед: душмани шумо, иблис, чун шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад;
9
ба вай бо имони устувор муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна азобҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меоянд.
10
Ва Худои ҳар файз, ки шуморо ба ҷалоли абадии Худ дар Масеҳ Исо даъват намудааст, пас аз андаке азоб кашиданатон, шуморо комил, устувор, пурзӯр ва пойдор мекунад.
11
Ӯро ҷалол ва қудрат то абад бод. Омин.
12
Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари боваринок аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо устувор ҳастед.
13
Зани /ман/, ки дар Бобил аст ва монанди шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқус.
14
Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ Исо ҳастед, осоиш бод. Омин.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
All chapters:
1
2
3
4
5