bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Peter 2
1 Peter 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
1
Пас, ҳар кина ва ҳар фиребу дурӯягиву ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,
2
чун кӯдакони навзод ташнаи шири поки калом бошед, то ки аз он нашъунамо ёбед,
3
агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст.
4
Бо наздик шудан ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад кардаанд, вале назди Худо интихобшуда ва гаронбаҳост,
5
худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, чун хонаи рӯҳонӣ, коҳинии муқаддас бино шавед, то қурбониҳои рӯҳонии писандидаи Худоро ба воситаи Исои Масеҳ тақдим кунед,
6
зеро дар Китоб гуфта шудааст: “Инак, Ман дар Сион санги гӯша мегузорам, Ки интихобшуда ва гаронбаҳост; Ва касе ки ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”.
7
Пас, Ӯ барои шумо, имондорон, гаронбаҳост, аммо барои беитоатон “сангест, ки бинокорон рад кардаанд, лекин он санги гӯшаи бино гардидааст”,
8
ва “санги пешпо ва кӯҳпораи монеа”, зеро онҳо, ба калом итоат накарда, пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин муқаррар шудаанд.
9
Лекин шумо насли интихобшуда, коҳинии шоҳона, халқи муқаддас, қавми хоси Худо ҳастед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз торикӣ ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед,
10
шумо, ки як вақте қавм набудед, вале акнун қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале акнун марҳамат ёфтаед.
11
Эй азизон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон бармехезанд, парҳез намоед.
12
Рафторатон дар миёни халқҳо нек бошад, то онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, корҳои некатонро дида, Худоро дар рӯзи бозхост ҳамду сано хонанд.
13
Пас, ба хотири Худованд ба ҳар роҳбарияти одамӣ фармонбардор бошед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ,
14
хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то бадкирдоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро таҳсин кунанд,
15
зеро чунин аст хости Худо, ки бо некӯкории худ нодонии мардуми бефаҳмро хомӯш созед,
16
ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки озодиро барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.
17
Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.
18
Эй ғуломон, бо камоли тарс ба хоҷагони худ фармонбардор бошед, на танҳо ба хоҷагони нек ва меҳрубон, балки ба хоҷагони тундхӯ низ.
19
Зеро писандида аст, ки кас аз рӯи виҷдон ба хотири Худо ноҳақ азоб кашида, ба дард тоб оварад.
20
Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо гуноҳ карда, шаллоқ хӯред ва тоқат кунед? Аммо агар некӯӣ карда, азоб кашед ва тоқат кунед, ин писандидаи Худост.
21
Зеро шумо барои ҳамин даъват шудаед, чунки Масеҳ низ барои мо азоб кашида, ба шумо сармашқ гузошт, то аз пайи Ӯ равона шавед.
22
“Ӯ гуноҳе накардааст, Ва дар забонаш фиребе набуд”;
23
Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; Азоб кашида, таҳдид намекард, Балки Худро ба Довари одил месупурд;
24
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар бадани Худ ба дор бардошт, То барои гуноҳҳо мурда, барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Шумо аз захмҳои Ӯ шифо ёфтед.
25
Зеро шумо чун гӯсфандони гумшудае будед, лекин акнун сӯи Чӯпон ва Нигаҳбони ҷонҳои худ баргаштаед.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5