bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Thessalonians 1
1 Thessalonians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
1
Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба ҷамоати тасолуникиён, ки дар Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
2
Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,
3
ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,
4
чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй дӯстдоштагони Худо, интихоб шудаед;
5
зеро Инҷили мо ба шумо на танҳо дар сухан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузурге расид; ва медонед, ки мо дар миёни шумо бароятон чӣ гуна будем.
6
Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломеро дар ранҷи бисёр бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед,
7
ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.
8
Зеро аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки ҳоҷат нест чизе гӯем.
9
Зеро худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо рӯ овардед, то Худои зинда ва ҳақиқиро бандагӣ кунед
10
ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки /Худо/ Ӯро аз мурдагон бархезонд, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5