bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Thessalonians 4
1 Thessalonians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Ва акнун, эй бародарон, аз шумо дар Худованд Исо хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чунон ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва ба Худо писанд оед, боз ҳам зиёдтар кӯшиш кунед;
2
зеро медонед, ки аз ҷониби Худованд Исо ба шумо чӣ гуна фармудаҳое додаем.
3
Зеро хости Худост, ки шумо муқаддас бошед ва аз фосиқӣ парҳез кунед;
4
ва ҳар яке аз шумо донад чӣ гуна бадани худро дар муқаддасӣ ва шараф нигоҳ дорад,
5
на дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;
6
ва ҳеҷ кас дар ин кор ба бародари худ дасти таҷовуз ё тамаъ дароз накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо қасос мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.
7
Зеро Худо моро на ба нопокӣ, балки ба муқаддасӣ даъват кардааст.
8
Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба шумо ато намудааст.
9
Аммо дар бораи бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;
10
ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар чунин кунед
11
ва саъю кӯшиш намоед, ки оромона зиндагӣ кунед ва кори худро ба ҷо оваред ва бо дастҳои худ кор кунед, чунон ки ба шумо дастур додаем,
12
то назди онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ кас мӯҳтоҷ набошед.
13
Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи ба хоби /марг/ рафтагон бехабар бошед, то мабодо чун дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед.
14
Зеро, агар мо бовар кунем, ки Исо мурд ва бархест, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо ба хоби /марг/ рафтаанд, бо Ӯ меоварад,
15
зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз онҳое ки ба хоби /марг/ рафтаанд, пешдастӣ намекунем,
16
чунки Худи Худованд бо фармони баландовоз, бо овози сардори фариштагон ва /садои/ карнайи Худо, аз осмон фуруд меояд, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал бармехезанд.
17
Сипас мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, ҳамроҳи онҳо дар абрҳо бурда мешавем, то Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд мешавем.
18
Пас ҳамдигарро бо ин суханон дилбардорӣ кунед.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5